Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз зеботарин ва машҳуртарин мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт - Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ҷойгир аст. Имрӯз ин макони сабзу хуррам барои истироҳати сокинони пойтахт ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба яке аз ҷойҳои ҷолиби фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ», ки дар кӯчаи Беҳзод воқеъ гардидааст, 27 сентябр соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин боғ бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири бузурги узбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст. Номгузории он дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 амалӣ шуда, имрӯз ҳамчун яке аз рамзҳои дӯстии ду халқи ҳамсоя маъруф мебошад.
Боғ дар масоҳати 2,23 гектар доман густурда, мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст. Дар ҳудуди он зиёда аз 600 бех дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз ҷумла магнолия, кипарис, ардач, сиквой ва дигар навъҳои нодири дарахтон шинонида шудааст. Илова бар ин, қариб 14 ҳазор метри мураббаъ майдон сабзазор гардида, бо гулу буттаҳои рангоранг оро дода шудааст.
Яке аз муҳимтарин ҷозибаҳои боғ муҷассамаи мутафаккирони бузурги халқҳои тоҷику узбек - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ мебошад. Ин муҷассама, ки аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев бунёд гардидааст, лаҳзаи суҳбати устоду шогирдро таҷассум мекунад. Ҳайкал дар болои ҳафт зина қомат афрохта, таҳкурсии он бо санги мармар ва нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст.
Барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат дар ҳудуди боғ 80 адад нишастгоҳ насб гардида, қаҳвахонаи замонавӣ бо 50 ҷойи нишаст сохта шудааст. Ҳамчунин барои кӯдакон майдончаи махсуси бозӣ ва барои дӯстдорони тарзи ҳаёти солим ду майдончаи варзишӣ бо таҷҳизоти муосир ташкил шудааст.
Шабона боғ бо зиёда аз 200 чароғ равшан гардида, барои сайру гашт ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахт фазои махсус фароҳам меорад. Роҳравҳои сафолакпӯш, сабзазорҳои зебо ва муҳити орому гуворо ҳар рӯз садҳо нафарро ба ин макон ҷалб мекунад.
Имрӯз Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе табдил ёфтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо мунтазам рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ пайваста баргузор мешаванд.