Бо ниҳолшинонӣ хиёбонҳои пойтахтро зеботар месозем!
21/02/2026
Дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баҳри сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзиддин Саидзода ва масъулини ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз ин иқдом ободонӣ, сабзгардонӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ гардида, иштирокдорон бо руҳияи баланд ниҳоли ороишии навъи магнолия шинонида, саҳми худро дар зебоии хиёбони ноҳия гузоштанд.
Муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзиддин Саидзода таъкид кард, ки корҳои сабзкорӣ минбаъд низ идома ёфта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як сокини пойтахт дар ободониву сабзкорӣ саҳми худро гузорад, зеро дарахт ба зебогии муҳит мусоидат намуда, ҳавои тоза, коҳиши ифлосшавӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим дорад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бозгӯйи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба масъалаҳои экологӣ буда, ҳамчун иқдоми созанда дар роҳи рушди устувор, ободонӣ ва зиндагии беҳтари аҳолӣ мебошад. Дар хиёбони номбурда то имрӯз даҳҳо адад дарахти ороишии магнолия шинонида шуда, иқдоми мазкур то ахири мавсими ниҳолшинонӣ идома хоҳад ёфт.