15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БОНУВОНИ НАМУНАВӢ — СОҲИБОНИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ҲАМСАР»

Имрӯз дар "Қасри бахти" шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.
Боиси ифтихори ноҳияи Шоҳмансур аст, ки намояндагони он дар ин озмун натиҷаҳои назаррас нишон дода, Арипова Салтанат, табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №3-и ноҳияи Шоҳмансур, сазовори ҷойи якум ва Каримова Саломат Қурбоналиевна, мудири шуъбаи солимии репродуктивии ҳамин марказ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба таҳкими пояҳои оила, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, тарғиби суннатҳои неки миллӣ ва қадршиносии нақши зан дар бунёди оилаи солиму устувор равона гардидааст. Дастоварди бонувони ноҳияи Шоҳмансур намунаи масъулиятшиносӣ, эҳтироми арзишҳои оилавӣ ва саҳми арзандаи занон дар ҳаёти ҷомеа мебошад.
Ин дастоварди арзанда боиси ифтихори ноҳияи Шоҳмансур буда, бори дигар аз мақому манзалати бонувон ва саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа шаҳодат медиҳад.