9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.
Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад:
Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид.
Марҳилаи дуюм бошад, соли 2029 ба итмом расонида шуда, дар ҷараёни он истеҳсоли брикетҳои оҳанини Fe-90%, блюмс ва арматура ба роҳ монда мешавад.
Корхонаи мазкур дар дохили кони маъдани оҳани Шоҳқадам бунёд меёбад.
Дар мавриди гузаронидани корҳои омӯзиши геологии иловагӣ аз ҷониби ширкати “ВУД”-и Австралия дар се қитъаи кони маъдани оҳани Шоҳқадам, яъне Марказӣ, Шарқӣ ва Ғарбӣ тадқиқот гузаронида шуда, захираҳои кон то ба имрӯз 59 миллион тонна тасдиқ карда шудааст.
Тибқи нақшаи коркард ва истихроҷи маъдан дар соли аввал ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ то 12 миллион тоннаро дар бар гирифта, аз он 2,5 миллион тонна истихроҷи маъданро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм 1,1 миллион тонна консентрати оҳан бо таркиби 63-68% ба даст оварда мешавад. Баъдан 1,1 миллион тонна консентрати оҳан дубора коркард шуда, аз он окатиш истеҳсол мегардад.
Дар марҳилаи дуюм коркарди окатиш ба роҳ монда шуда, аз он ба миқдори 850 ҳазор тонна брикетҳои оҳанин - Fe-90% истеҳсол мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ брикетҳои оҳанин (ГБЖ) - Fe-90% ҷараёни гудозишро гузашта, аз он блюмс, инчунин арматура дар ҳаҷми то 300 ҳазор тонна дар як сол истеҳсол мегардад.
Сармоягузор ва бунёдкори корхона Комбинати металлургии Тоҷик буда, ба ҳайси паймонкори асосӣ ширкати НЕТС–и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудааст. Ширкати мазкур барои истеҳсоли консентрат, окатиш, блюмс ва арматура масъул аст.
Дигар ширкати паймонкор, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок дорад, ин Электротерм, яке аз ширкатҳои бузурги Ҳиндустон ба ҳисоб рафта, технологияи ба роҳ мондани истеҳсоли брикетҳои оҳанин - Fe-90%-ро бар душ гирифтааст. Ширкати мазкур дар зиёда аз 32 давлати ҷаҳон фаъолият ва ҳамкорӣ дорад.
Ширкати Лисени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Комбинати металлургии Тоҷик паймонкорони асосии сохтмони корхонаи зикршуда маҳсуб меёбанд.
Ширкати СПС Австрия ҳамчун ширкати машваратӣ ҷалб гардида, масъули ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, сифати таҷҳизот ва назораткунандаи корҳои сохтмонӣ мебошад.
Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо ширкати НЕТС дар ҳудуди кон сохтмон ва ба истифода додани Маркази барқдиҳӣ бо иқтидори 90 МВт ба нақша гирифта шудааст.
Корхона пурра мутобиқ ба талаботу меъёрҳои экологӣ сохта ва ба истифода дода шуда, технологияи муосири дар он истифодашаванда ба муҳити зист зарар намерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки дастгоҳ, таҷҳизот, техника ва лавозимоти дигари сохтмонии дар татбиқи лоиҳа истифодашаванда пурра ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дар ҷараёни истеҳсолот технологияи муосири навтарин истифода бурда мешавад.
Барои таъмини фаъолияти мунтазами корхона муҳаёсозии инфрасохтори зарурӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, то ба имрӯз хатти баландшиддати барқии 220 кВ, ба масофаи 14,3 км. бо зеристгоҳи барқӣ, хатти об ба масофаи 17,5 км. бо чор стансияи обкашӣ кашида шудааст. Ҳамзамон, сохтмон ва васеъ намудани роҳи асосии мошингарди кони маъдани оҳани Шоҳқадам аз шаҳраки Сайҳун ба масофаи 20 километр оғоз гардида, ҳоло ҷиҳати васеъ намудани роҳ корҳои куҳканӣ идома доранд.
То ба имрӯз бинои маъмурии корхона сохта шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва фароғати кормандону бинокорон хобгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурии корӣ омода карда шудааст.
Ҳоло, дар корхона корҳои сохтмонӣ шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар он зиёда аз 1200 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 900 ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 1500 ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳайё мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки соли 2025 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 600 миллион доллар арматура ворид карда шуд. Изҳор гардид, ки акнун мо имкон дорем истеҳсоли арматура ва дигар маҳсулоти оҳаниро дар дохили кишвар ба роҳ монем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, марҳилаи якуми корхона то сентябри соли 2027 ба кор дароварда шавад.
Марҳилаи дуюми корхона тибқи нақша бояд то соли 2029 ба кор дароварда шавад. Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сохтмони марҳилаи дуюми корхона ҳам суръат бахшида шавад, то ки он пеш аз муҳлат ба кор шуруъ намояд.