15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд.
Боздиди муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бухоро аз зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ ва тамошои Қалъаи Бухоро ҷараён гирифт.
Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ба асрҳои IX–X тааллуқ дорад, яке аз нодиртарин ёдгориҳои меъмории Бухоро ва тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ин ёдгории нодир, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, бо фармони амири давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ (849–907) дар охири асри IX бар болои қабри падари ӯ Аҳмад ибни Асад бунёд гардидааст.
Дар он ҳамчунин намояндагони дигари сулолаи Сомониён, аз ҷусла Исмоили Сомонӣ, асосгузори нахустин давлати тоҷикон, мадфун мебошанд.
Оромгоҳ бо меъмории мураббаъшакл, гунбази муҳташам, чор бурҷи кунҷӣ ва ороиши нодири хиштӣ фарқ намуда, таҷассумгари ҳунари баланди меъморӣ ва анъанаҳои бостонии меъмории тоҷикон мебошад.
Ин ёдгорӣ яке аз намунаҳои нодири мероси меъмории давраи Сомониён буда, то имрӯз арзиши бузурги таърихию фарҳангии худро нигоҳ доштааст.
www.majmilli.tj