15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БОЗДИДИ КОРӢ АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

Имрӯз дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода ва Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо баргузор гардид. Ҳайати расмӣ бо мақсади шиносоӣ аз раванди сохтмон, сифати корҳо ва риояи вақти иҷроиш аз иншоотҳои муҳими ҷашнӣ, аз ҷумла аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурду бузургӣ саноатии ноҳия дидан намуданд. Меҳмонон ҳангоми суҳбат бо бинокорон ва масъулини ноҳия ба масъалаҳои мубрам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеш аз ҳама сифати сохтмон, истифодаи масолеҳи сохтмонии ватании хушсифат ва риояи меъморҳои шаҳрсозии муосир, инчунин сабзу хуррамгардонии атрофи иншоотҳо шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва ташкили низоми обёрии онҳо, дар вақти муайяншуда супоридани иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд. Дар рафти суҳбат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд, ки “Дар ободониву хуррамгардонии ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ҳар яки мо бояд саҳми арзандаи худро гузорем, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа бояд раванди ободониву созандагиро аз хонаву кошонаи худ ва маҳалли зисташ оғоз намуда, ба тозагиву озодагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист саҳми муносиб гузорад”. Боздиди меҳмонони расмӣ аз иншоотҳои ҷашнӣ бори дигар собит намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бо маром идома доранд. Интизор меравад, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншоотҳо намои зоҳирии ноҳияро дигаргун намуда, сатҳи некуаҳволии сокинонро баланд мебардорад. Меньше