Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии “Чорчаман” дидан намуданд. Ин макони зебову диданӣ яке аз ҷойҳои писандидаи сайëҳони дохилию хориҷӣ маҳсуб ёфта, шаршара ва гулу дарахтони зебои ин мавзеъ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.