15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БУВАД ВИРДИ ЗАБОН НОМИ ДУШАНБЕ

Рузи пойтахт рамзи озодӣ, ободӣ ва ваҳдат аст. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1-уми марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад. Ин сана рамзи ифтихор аз таъриху фарҳанг ва дастовардҳои пойтахти кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат, балки қутби илму маърифат ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пойтахти кишвар бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушду нумуъ намуда, сол то сол ободу зебо гардида истодааст. Маҳз дар маркази шаҳр қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи замонавӣ, боғу гулгаштҳои сабзу хурам симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун намудааст. Боиси ифтихори ҳар як сокини шаҳри Душанбе аст, ки имрӯз дар зери партави сулҳу суботи комил умр ба сар мебаранду шукронаи истиқлолу оромиву осоиштагӣ менамоянд. Ҳар як миллат пойтахти худро ҳамчун нишони бақои давлат ва пойдории арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад. Барои миллати сарбаланди тоҷик, пойтахти давлатамон – шаҳри Душанбе рамзи ободӣ, ваҳдат, фарҳанг ва тамаддун мебошад. Рӯзи пойтахт ин рӯзи арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат, рӯзи ифтихор аз дастовардҳои замони Истиқлол ва рӯзи пайванд бо ояндаи дурахшон аст. Шаҳри Душанбе ҷавҳари дурахшон дар қалби Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Ин шаҳри ободу равшан дар тули таърих аз як деҳаи хурд ба маркази бузурги сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст ва имрӯз шаҳри Душанбе на танҳо пойтахт, балки шиносномаи Ватани мо дар чашми ҷаҳониён мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо раҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, симои шаҳр куллан дигар шуд, аз ҷумла роҳҳо васеъ, хиёбонҳо сабзу хуррам, биноҳои наву замонавӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахт қомат афрохтанд. Душанбе ба як маркази муҳими илм, технология, саноат, варзиш ва ҳамзамон макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Имрӯз мо таърихро варақгардон карда, аз дастовардҳо ифтихор мекунем ва бо боварии комил ба сӯйи фардои дурахшон қадам мегузорем. Душанбе рамзи ваҳдат, меҳрубонӣ ва ҳамзистии халқҳо ва қавмҳо мебошад. Сокинони пойтахт, намояндагони миллатҳои гуногун бо якдигар дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд ва ба як оилаи бузурги тоҷикон ҳиссагузорӣ мекунанд. Рӯзи Пойтахт рӯзи ифтихору шукргузорӣ аз он аст, ки мо дар чунин сарзамини ободу осуда ва пурнур зиндагӣ мекунем. Ин рӯз моро ба пайвандии бештар бо хоки муқаддаси Ватан ва масъулияти дучанд дар назди наслҳои оянда водор месозад. Саодатманд бош, Душанбе! Бигзор осмони поку офтоби меҳрубони ту ҳамеша дар сари фарзандонат нур пошад. Бигзор дар ҳар кӯчаву хиёбони ту садои шодӣ, ободӣ ва амну субот танинандоз бошад! Рӯзи пойтахт муборак бод! Қудратулло ГУЛМУРОДЗОДА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе