Рӯзҳои 15-16 август дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» доир мегардад.
Мусобиқа дар остонаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он варзишгарони беш аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор доллар буда, дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.
Рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо - 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон баргузор мегардад.
Шукӯҳу шаҳомати ин мусобиқа фараҳбахш хоҳад буд. Пас ҳама ба тамошои мусобиқаи мазкур ба Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе меоем.