«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036» – ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКОН ДАР МИҚЁСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз дар Боғи ба номи Мир Алишер Навоии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавии фарҳангӣ - маърифатӣ бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ҳамзамон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, кормандони мақомот меҳмонон ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани табрикии муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода оғоз гардида, мавсуф ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатънома таҳният гуфтанд, аз ҷумла ташаббус ва корномаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳоди сулҳ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барои насли оянда махсус қайд намуданд: “Дар маркази ин муваффақият маҳз сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, он дар таърихи давлатдории тоҷикон, пеш аз ҳама ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёгари давлатдории миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардидааст”.
Ҳамзамон зимни суханронии худ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо дипломатияи байналмилалии сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон иброз намуданд. Зикр гардид, ки қабули қатъномаи навбатии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи эътирофи таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар миқёси байналмилалӣ мебошад. Ин ташаббус барои таъмини ҳаёти осоиштаи насли навраси тамоми сайёра замина мегузорад.
Дар ҳошияи чорабинӣ намоишгоҳи бошукӯҳи фарҳангии дастаи ҳунарии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ташкил карда шуд, ки асрори сулҳдӯстӣ ва фарҳанги ғании миллатро ба намоиш гузоштанд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо таронаҳои ваҳдатсолорӣ ва паёми сулҳ ба ҷаҳон идома ёфта, сарояндагони маҳбуби Консерваторияи миллӣ бо сурудҳои дилнишин ба маҳфил таровати дигар бахшиданд.