15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОМОДАГИИ ТЕХНИКАИ РОҲДОРӢ БА ФАСЛИ ЗИМИСТОН САНҶИДА ШУД

Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Саломзода Раҳмиддин ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо тибқи нақша аз Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур боздид намуда, ҳолати омодабошии техникаро ба фасли зимистон аз назар гузарониданд.
Зимни боздид омодагии техникаву таҷҳизоти махсус, воситаҳои хизматрасонӣ ва фаъолияти кормандони раёсат мавриди санҷиш қарор гирифта, ба масъалаи омодагии онҳо барои кор дар шароити номусоиди боду ҳаво таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки омодагии ҳамаҷонибаи техника ва фаъолияти муназзами кормандони масъул барои саривақт бартараф намудани оқибатҳои бориши барфу яхбандӣ, нигоҳдории роҳҳо ва таъмини ҳаракати бемонеаи нақлиёт аҳаммияти муҳим дорад.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки ҳолати техникии воситаҳои махсусро мунтазам назорат намуда, ҷиҳати таъмини бехатарии сокинону меҳмонони пойтахт дар фасли зимистон тадбирҳои мушаххас андешанд.