15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯҲОИ ДӮСТӢ ВА НОСИРИ ХУСРАВИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса идома дорад.
Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шаҳри Душанбе тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн–августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида баргузор мегарданд. Дар ин замина, санаи 12 июли соли равон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур сокинону меҳмонони пойтахт имконият пайдо намуданд, ки аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон дидан намуда, маҳсулоти пешниҳодшударо бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Дар ин замина, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Низомиддин Алишер Навоии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, инчунин дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва саҳми арзанда дар баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ба масъулини ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.