Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо МД «Мактаби варзишии ноҳия» мусобиқаи футбол бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома ёфт.
Имрӯз бозии ниҳоии мусобиқа миёни дастаҳои «Шоҳмансур-2» ва «Бинокорон» баргузор гардид. Дар натиҷаи бозии ҷолибу рақобатнок дастаи «Бинокорон» бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи «Шоҳмансур-2» пирӯз гардида, соҳиби ҷойи аввал ва унвони ғолиби мусобиқа шуд.
Мусобиқаҳои варзишӣ, бахусус футбол, дар байни ҷавонону сокинони маҳаллаҳо ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва истифодаи самараноки вақти холӣ мусоидат намуда, барои ташаккули рӯҳияи солиму фаъол дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.