Боиси зикр аст, ки 15 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" Озмуни шаҳрии «Ворисони Пешво» бо иштироки хонандагони синфҳои 3–4-и муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлол, рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Дар бораи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2026, №712) роҳандозӣ гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи расмии Озмун Ғаюрзода Ҷурабек — муовини якуми Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Ашуров Шаҳбоз — директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе», директорони муассисаҳои таълимии пойтахт, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва хонандагони фаъол иштирок намуданд.
Зимни баргузории озмун хонандагон донишу маҳорати худро аз рӯйи панҷ фанни таълимӣ — математика, табиатшиносӣ, забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ санҷида, сатҳи омодагӣ, тафаккури мантиқию эҷодӣ, ҷаҳонбинӣ ва қобилияти зеҳнии худро нишон доданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни шаҳрии «Ворисони Пешво» дар шаҳри Душанбе бори аввал баргузор гардида, иқдоми муҳим дар самти рушди неруи зеҳнии насли наврас ва таҳкими заминаҳои маърифатию таълимии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба шумор меравад.
Озмуни шаҳрии «Ворисони Пешво» — инъикосгари насли дорои дониш, тафаккури созанда, ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол!