15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Дастоварди беназири ноҳияи Шоҳмансур дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи хотирмон ва баландеро ба даст оварда, сазовори 28 ҷойи ифтихорӣ гардид. Намояндагони ноҳия бо дониши амиқ ва маҳорати баланди китобхонии худ, 6 ҷойи аввал, 13 ҷойи дуюм ва 9 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ин пирӯзии дурахшон гувоҳи аёни шавқу рағбати беандозаи ҷавонону сокинони ноҳия ба китобу адабиёт ва сатҳи баланди омодагии онҳо мебошад.
Ин муваффақияти беназир маҳсули фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии ноҳияи Шоҳмансур дар самти тарғиби китобхонӣ ва маърифатнокӣ аст. Теъдоди зиёди ҷойҳои намоён на танҳо мавқеи ноҳияро дар сатҳи пойтахт мустаҳкам намуд, балки барои ғолибон роҳи мустақимро ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ боз кард.