15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ДАЪВАТ БА ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ РАСМИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи муассисаҳои таълимии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии ҳудуди ноҳия мерасонад, ки аз 25 октябр то 1 ноябри соли равон Озмуни ноҳиявии расми беҳтаринро дар мавзуи “Конститутсия - бахтномаи миллати тоҷик” бахшида Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.
Дар озмун хонандагони синфҳои 1-4, 5-8 ва 9-11 ширкат варзида метавонанд.
Шартҳои озмуни мазкур муайян намудани беҳтаринҳо ва хонандагони дорои истеъдоди расмкашию ҳисси баланди миллӣ ва зебоипарастидошта, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замири хонандагон, баланд бардоштани эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва дарки ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, инкишофи истеъдод, маҳорати рассомӣ ва тафаккури эҷодии хонандагон, ҷалби хонандагон ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон, муайян ва қадрдонӣ намудани хонандагони болаёқат дар соҳаи санъати тасвирӣ аз тарафи аъзои ҳакамон баҳо дода мешавад.
Озмун 1 ноябр ҷамъбаст гардида, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмуни мазкур диплом ва туҳфаҳо тақдим карда мешавад.
Маводҳо иштирокчиёни озмун ба Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе то 29 октябри соли равон пешниҳод мегардад.
Телефонҳо барои маълумотҳои иловагӣ: +992 939-42-63-42