15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ДАВОМИ МУСОБИҚАҲОИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия идома ёфт. Мусобиқа аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳия» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Дар мусобиқа дастаҳои футболи шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои нишон додани маҳорати варзишӣ ва ба даст овардани натиҷаи беҳтарин талош менамоянд. Баргузории чунин мусобиқаҳо имкон фароҳам меорад, ки ҷавонону сокинон ба варзиш бештар ҷалб гардида, вақти холии худро самаранок истифода баранд.
Ҳадафи асосии мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар байни ҷавонон, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули рӯҳияи солиму фаъол дар ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо барои пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстии онҳо мусоидат мекунанд.
Мусобиқаҳои футбол дар рӯзҳои минбаъда низ идома ёфта, ғолибон дар натиҷаи бозиҳои давраҳои минбаъда муайян карда мешаванд.