15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Даври аввали - ноҳиявии озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” баргузор гардид

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 ноябри соли 2023, №597 “Дар бораи баргузор намудани озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” ва қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 21 ноябри соли 2023, №328 “Дар бораи гузаронидани даври аввали озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” 30 июни соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври аввал – ноҳиявии озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хоҷагидор, рушди бахши хусусӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ доир намудани озмун комиссияи тадорукот ва ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроия, соҳаи иқтисод ва савдо, андоз ва коршиносони бахши соҳибкорӣ таъсис дода шуда, рафти баргузории озмун шаффоф ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид.
Ғолибони даври аввал бо мукофотпулӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, ҳуҷҷатҳои онҳо ҷиҳати иштирок дар даври шаҳрии озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.
Баргузории даври аввали озмуни мазкур нишон дод, ки фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар партави сиёсати созандаи Раҳбарияти олии кишвар ва роҳбарияти шаҳри Душанбе мунтазам рушд ёфта, соҳибкорони маҳаллӣ омодаанд дар таъмини амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони пойтахт саҳми босазо гузоранд.