15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳия дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқати наврасону ҷавонони китобхону китобдӯст, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмун муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва омӯзгорону волидайн иштирок намуданд. Зимни баромади муовини Раиси ноҳия З.Зуҳурзода таъкид гардид, ки ҳадафи асосии озмун, пеш аз ҳама ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд. Қайд карда шуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи насли худогоҳу донишманд нақши муассир мегузорад. Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншуда байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда, сатҳи дониш, малака ва маҳорати худро санҷиданд. Боварӣ аст, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар даврҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, шарафи ноҳияро дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳимоя хоҳанд кард.