15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:


Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:


   1. Сармутахасиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390 с. 80 дирам;  

   2. Сармутахасиси бахши кишоварзии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390 с. 80 дирам;  

   3. Мутахасиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1529 с. 00 дирам;  

   4. Мутахасиси бахши фарҳанги Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1529 с. 00 дирам;  

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

- ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо

- 3  дона расм  (андозаи  4 х 6)

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос ва    

  унвони илмӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ, аз ҷумла собиқаи   

  корӣ аз рӯи ихтисос  (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи амволи хизматчии давлатӣ

- маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида

- нусхаи билети ҳарбӣ ( барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд 

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ

- маълумотнома (резюме)

- донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта   

  мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри эълони мазкур, дар давоми 20 рӯз идома меёбад.

 

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғолкунандагони мансаби

сармутахассис:


- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансаби

                                                    мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

             Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба нишони зерин муроҷиат намоед, кӯчаи Айнӣ 20, утоқи 6, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи  Шоҳмансур.

Телефонҳо барои маълумот: 223 - 23 – 49, 227-90-19.

 

Саволномаи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

1. Кадом моддаи Конститутсия ба хизмати давлатӣ бахшида шудааст?

2. Тибқи Конститутсия самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар Тоҷикистон кӣ муайян мекунад?

3.  Принсипи волоияти Конститутсия ва қонун чӣ маъно дорад?

4.  Соҳаи хизмати давлатиро кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамояд?

5.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кадом асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатиро муайян менамояд?

6.  Хизмати давлатӣ чист?

7.  Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳоянд?

8.  Мансабӣ давлатӣ чист?

9.  Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд?

10. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад?

11.  Ба низоми хизмати давлатӣ кадом намуди хизмати давлатӣ дохил мешавад?

12.   Кадом санади меъёрии ҳуқуқии аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бармеомада ба хизмати давлатӣ ворид шудан ё нашудани мақоми давлатӣ ва хизматчиёни давлатии онро муайян мекунад?

13.   Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ чӣ ном дорад ва ба кӣ ҳисоботдиҳанда мебошад?

14.  Мафҳуми давлат?

15.   Ҳуқуқ чист?

16.  Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон?

17. Қонуни бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида чист?

18. Қонуни конститутсионӣ чист?

19. Қонун чист?

20. Қонун чанд намуд мешавад?

21. Маънои Конститутсия чист?

22. Кодекс чист?

23. Ҳокимият ба чанд шоха таҷзия мешавад?

24. Дар Тоҷикистон якумин маротиба кадом сол Конститутсия қабул карда шудааст?

25. Дар Тоҷикистон чанд маротиба Конситутсия қабул шудааст.

26. Ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст?

27. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кӣ эътироф риоя ва ҳифз менамояд?

28. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?

29. Ба мансабҳои хизмати давлатии сиёсӣ хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос таъин мегарданд?

30. Озмун чӣ гуна чорабинӣ аст, ба кадом хотир ва дар кадом асос гузаронида мешавад?

31. Мансабҳои маъмурии хизмати давлатиро ба ғайри бо тариқи озмун ишғол намудан боз чӣ гуна ишғол кардан мумкин аст?

32. Санади меъёрии байналхалқие, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои хизматчиёни давлатиро ҳимоя намудааст?

33. Вазифаҳои ҳаррӯзаи хизматчии давлатӣ дар кадом ҳуҷҷати дохили идоравӣ муайян шудааст ва моҳияти онро чӣ гуна тафсир кардан мумкин аст?

34. Давомнокии фаъолияти кори хизматчии давлатӣ дар як рӯз чанд соат муқаррар карда шудааст ва риояи он чӣ гуна ба танзим дароварда мешавад?

35. Се ҳуҷҷати дохилиидоравиро номбар намоед, ки воҳидҳои сохтории мақоми давлатӣ (Раёсат, шуъба, бахш) ҳар рӯз бо онҳо сарукор доранд ва хизматчии давлатӣ аз рӯи онҳо ҳисоботдиҳанда мебошад?

36.  Таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон диҳед?

37.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъи захираҳои дурнамои нафту газ чӣ қадарро ташкил медиҳад?

38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ кай қабул гардидааст?

39. Дар бозори ҷаҳонӣ харид ва фурӯши нафт бо кадом ченак ба роҳ монда шудааст?

40. Ҳангоми баҳисобгирӣ ва азнавҳисобкунии захираи нафт ва газ онҳоро ба чанд категорияи (дараҷа) асосӣ ҷудо менамоянд?

41. Ҳангоми омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва коркарди конҳои (майдон) нафт ва газ кадом намуди чоҳҳо парма карда мешаванд?

42. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи нафт ва газ дар кадом қабатҳои даври геологӣ ҷойгир (хобиш) мебошанд?

43. Бо кадом мақсад сохтори (конструксия) ҷоҳҳо таҳия ва тартиб дода мешаванд?

44. Таъмири асосӣ ва ҷории ҷоҳҳои нафт ва газ бо кадом мақсад гузаронида мешавад?

45. Конҳои нафту гази амалкунандаи шимоли Тоҷикистонро номбар намоед?

46. Ҳангоми омӯзиши майдонҳои ояндадори нафт ва газ кадом намуди усулҳои таҳқиқотии геофизикӣ истифода бурда мешавад?

47. Дар чоҳҳои нафт ва газ ҳангоми омӯзиши қабатҳои ҷинсҳои куҳӣ кадом намуди усулҳои геофизикии таҳқиқоти чоҳҳо (каротажи чоҳҳо) гузаронида мешавад?

48. Минтақаҳои нафтугаздори қисми ҷанубу ғарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

49. Мақтаи (профил) геофизикӣ дар асоси кадом маводҳо таҳия ва сохта мешавад?

50. Дар конҳои нафт, газ ва конденсат ҳангоми истихроҷ намудани газ онро аз рӯи хосияти истихроҷшавиаш ба чанд намуд ҷудо менамоянд? 

51. Таркиби гази табиӣ аз кадом газҳо иборат аст?

52. Ҳаҷми гази истифодашударо бо чӣ муайян менамоянд?

53. Баъд аз баромадани чанд фоиз газ, он гоҳ сӯхтор ба амал меояд?

54. Барои муайян намудани хориҷшавии гази табиӣ аз лӯлаҳои газгӯзар кадом намуди таҷҳизот истифода бурда мешавад?

55. Манбаъҳои барқарорнашавандаи энергия кадом намуди захираҳои табииро дар бар мегирад?

56. Газҳои сӯзандаи табииро номбар намоед?

57. Конҳои нафту гази амалкунандаи ҷанубу ғарби Тоҷикистонро номбар намоед?

58. Ҳавзаҳои нафтугаздори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

59. Нақшаи корӣ барои мақоми давлатӣ кай ва барои кадом давраҳои фаъолияти ҳисоботӣ тартиб дода мешавад?

60. Пешбарии хизматчии давлатӣ ба мансаби болотар, барои гирифтани рутбаи баланди тахассусӣ, ба мукофот ва муҷозоти интизомӣ аз ҷониби ки амалӣ карда мешавад?

61. Ҳаҷми умумии иқтидори захираи гидроэнергетики дар кишвар чи қадарро ташкил медиҳад?

62. Иқтидори МБГ-ҳо чиқадар аст?

63. Иқтидори умумии неругоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

64. Содирот ва воридоти неруи барқ бо кадом кишварҳо ба роҳ монда шудааст.

65. Шумора ва иқтидори НБО-ҳои хурди ҷумҳурӣ?

66. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия кадом намуди захираҳои табииро дар бар мегирад?

67. НБО «Норак» аз чанд агрегат иборат аст?

68. Иқтидори НБО «Сангтӯда-1» чи қадар аст?

69. Иқтидори НБО «Сангтӯда 2» чӣ қадар аст?

70. Баландии сарбанди (платина) НБО “Роғун” чӣ қадар аст?

71. Агрегатҳои якум ва дуюми НБО “Роғун” кадом солҳо ба истифода дода шудаан?

72. Барномаҳои рушди соҳаи энрегетикаро номбар намоед?

73. Бо кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетикаро ба танзи медароранд?

74. Ба захираи кадрҳои хизмати давлатӣ чӣ гуна ворид шудан мумкин аст?

75. Хизмати давлатӣ ҳамчун фаъолият ба кадом вақт қатъ карда ҳисобида мешавад?

76. Хизматчии давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ дар кадом мавридҳо кашида мешавад ва намудҳои ҷазои интизомӣ кадомҳоянд?

77. Кирдори хизматчии давлатӣ ҳангоми риоя нагардидани тартиботи муқарраршудаи корӣ дар куҷо муҳокима карда мешавад?

78. Барои хизматчии давлатӣ чанд намуди мукофот муайян шудааст?

79. Зери мафҳуми ҳуҷҷат чиро дар назар доред?

80. Гардиши ҳуҷҷат чӣ маъно дорад?

81. Қонунгузории хизмати давлатӣ синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ буданро чанд сол муқаррар намудааст?

82. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?

83. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ дар кадом маврид ба ӯ вогузор карда мешавад?

84. Зарурияти қабули Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 дар чӣ буд?

85. Барномаи ислоҳоти соҳаи об аз кадом қисмҳо иборат мебошад?

86. Мақсад ва принсипҳои ислоҳоти соҳаи об аз чи иборат мебошад?

87. Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО) чист?

88. Ҳавзаи дарё гуфта чиро мегуянд?

89. Нақшаи ҳавзавии идоракунии захираҳои об гуфта чиро мегӯянд?

90. Хусусиятҳои хоси идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

91. Дар доираи ислоҳоти соҳаи об иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудааст?

92. Тибқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об системаи дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом ҳавзаҳо ҳамчун воҳидҳои идорашаванда тақсим карда мешаванд?

93. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо чигуна ташкилот буда, вазифаҳо ва салоҳиятҳои онҳо аз чи иборат мебошанд?

94. Шурои ҳавзавии дарё ва вазифаҳои он?

95. Шурои миллии об ва вазифаҳои он

96. Қонунгузории соҳаи обро номбар кунед?

97.  Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон?

98. Дар доираи ислоҳоти соҳаи об такмили кадом санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст?

99. Мақомоти давлатӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

100. Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об номбар кунед?

101. Оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 чи медонед? Ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи об чи гуна аҳамият дорад?

102. Кадом сол соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад?

103. Санаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо?