Дар симои муассисаҳои таълимии олии кишвар таърихи рушди давлатдории миллӣ, дастовардҳои илмӣ ва ормонҳои наслҳои зиёди ҷавонон таҷассум меёбанд. Дар байни чунин муассисаҳои бонуфуз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавқеи махсус дошта, ҳамчун яке аз марказҳои пешбарандаи илму маорифи кишвар дар ташаккули мутахассисони баландихтисос ва рушди иқтидори илмии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҷойгиршавии ин боргоҳи маърифат дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба симои илмию фарҳангии ноҳия шукӯҳи хосса мебахшад.
Таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба соли 1947 мансуб буда, маҳз 21 марти соли 1947 бо қарори Шурои Вазирони Иттиҳоди Шуравӣ таҳти №643 дар бораи таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Фаъолияти таълимии он аз 1 сентябри соли 1948 оғоз шуда, нахустин дарсҳо дар бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко баргузор гардиданд. Дар оғози фаъолият донишгоҳ аз се факултет – геология ва хокшиносӣ, биология ва таъриху филология иборат буд. Факултети физикаю математика соли 1949 ба фаъолият оғоз намуд. Дар соли аввали таъсис 240 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳайати омӯзгоронро мутахассисоне ташкил медоданд, ки барои бунёди низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ заминаи устувор гузоштанд.
Дар ташаккули донишгоҳ ва таҳкими пояҳои илмии он саҳми нахустин роҳбарон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бузург аст. Нахустин ректори донишгоҳ Зариф Шарифович Раҷабов буд, ки баъдан ба мартабаи академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва доктори илмҳои таърих расид. Ӯ дар ташкили фаъолияти таълимӣ, ҷалби кадрҳои илмӣ ва ташаккули анъанаҳои донишгоҳӣ нақши муҳим бозид. Дар баробари ӯ, олимону омӯзгорони дигар низ бо меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамари худ ба рушди муассиса мусоидат карданд. Имрӯз номи онҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи таърихи маорифи кишвар бо эҳтиром ёд мешавад.
Дар давоми даҳсолаҳо донишгоҳ марҳилаҳои муҳими рушдро паси сар намуда, бо назардошти талаботи замон сохтор ва самти фаъолияти худро такмил додааст. Соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ мақоми муассисаи давлатии худидорашаванда дода шуда, он Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ном гирифт. Соли 2008 бошад, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи он ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тағйир дода шуд. Ин марҳилаҳо бозгӯи таҳаввулоти соҳаи таҳсилоти олӣ ва тақвияти мақоми донишгоҳ дар низоми илму маорифи давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ ҳазорон мутахассиси баландихтисосро барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа омода кардааст. Хатмкардагони он дар сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, соҳаҳои иқтисод, ҳуқуқ, фарҳанг ва дигар бахшҳои муҳими мамлакат фаъолият намуда, дар рушди кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Дар миёни хатмкардагони донишгоҳ ходимони давлатӣ, олимон, адибон ва намояндагони маъруфи фарҳанги тоҷик ҷой доранд. Ин воқеият шаҳодат аз он медиҳад, ки донишгоҳ макони илму дониш, ташаккули ҷаҳонбинӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва қобилияти роҳбариву эҷодии ҷавонон мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти донишгоҳ рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Олимону муҳаққиқони донишгоҳ дар таҳқиқи масъалаҳои мубрами илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ саҳм гузошта, натиҷаҳои фаъолияти худро дар ҳамоишҳои илмӣ ва нашрияҳои соҳавӣ муаррифӣ менамоянд. Ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ барои табодули таҷриба, баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсилу таҳқиқ замина мегузоранд. Ин раванд ба ҳамгироии илми тоҷик бо фазои байналмилалии илмӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар ба тайёр кардани мутахассисон машғул буда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии васеъ низ саҳми муҳим мегузорад. Муҳити илмӣ ва таълимии он барои ҷавонон имконият фароҳам меорад, ки донишҳои назариявиро аз худ намуда, қобилияти таҳқиқотӣ ва тафаккури мустақили худро инкишоф диҳанд. Анъанаҳои деринаи донишгоҳ, дастовардҳои омӯзгорону олимон ва талошҳои пайвастаи донишҷӯён барои ба даст овардани натиҷаҳои нав ин муассисаро ба яке аз рамзҳои муҳимми илму маърифат дар пойтахт табдил додаанд.
Ҳамин тариқ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо таърихи пурғановат, саҳми арзанда дар рушди маориф ва илм ва нақши муассир дар омода намудани кадрҳои баландихтисос яке аз ганҷинаҳои муҳими зеҳниву фарҳангии кишвар ба шумор меравад.