ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола дар кишвари азизи мо таҷлил мегардад, фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба шаҳре, ки на танҳо маркази маъмурии кишвар, балки рамзи саодат, созандагӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Душанбе имрӯз ба як шаҳри муосир, сабз ва ободе табдил ёфтааст, ки ҳар бино ва ҳар хиёбонаш аз таърихи куҳан ва ояндаи дурахшони мо қисса мекунад. Агар ба таърихи на чандон дури Душанбе назар андозем, мебинем, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ин шаҳр аз як деҳаи хурди бозоргузар ба як метрополияи бузург мубаддал гашт. Махсусан, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва кӯшишҳои шабонарӯзии шаҳрдорӣ, Душанбе симои худро комилан дигар кард. Сохтмони биноҳои муҳташам, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва роҳҳои сатҳи байналмилалӣ ин шаҳрро ба яке аз зеботарин пойтахтҳои минтақа табдил додаанд. Яке аз дастовардҳои бузурги пойтахти мо дар арсаи байналмилалӣ ин соҳиб шудан ба ҷоизаи "Шаҳри Сулҳ"-и ЮНЕСКО мебошад. Ин нишон медиҳад, ки Душанбе макони амну осоиш, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ аст. Имрӯз дар ин шаҳр китобхонаҳои муосир, осорхонаҳои миллӣ ва театрҳои боҳашамат фаъолият мекунанд, ки маркази тарбияи маънавии насли наврас мебошанд. Ҳамчун маркази илму маърифати кишвар, дар Душанбе беҳтарин муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо ҷойгир шудаанд. Маҳз дар ҳамин ҷо олимон, адибон ва омӯзгорони барҷаста ба камол мерасанд, ки саҳми онҳо дар пешрафти давлат бениҳоят калон аст. Мактабҳои пойтахт имрӯз бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз гашта, барои илмомӯзии фарзандони мо шароити мусоид фароҳам меоранд. Душанбе бо боғҳои сабзу хуррам ва гулгаштҳои рангинаш машҳур аст. Ибтикори "Шаҳри сабз" гардонидани пойтахт боиси он гашт, ки ҳазорҳо дарахтони нодир ва гулҳои зебо ҳусни шаҳрро дучанд созанд. Боғи Ирам, Боғи Рӯдакӣ ва Наврӯзгоҳ маконҳои дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидаанд. Хулоса, шаҳри Душанбе барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азиз аст. Ин шаҳр хонаи умеди мо, ифтихори мо ва маконест, ки дар он орзуҳои насли ҷавон ҷомаи амал мепӯшанд. Бигзор пойтахти мо ҳамеша шукуфон, орому осуда ва сарсабз бимонад! Рӯзи пойтахт муборак бошад, ҳамватанони азиз! Эраҷ Ҳусайнов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе