15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХ, БУНЁДГУЗОРИ ИМРӮЗ ВА РОҲНАМОИ ФАРДО

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари таърих, бунёдгузори имрӯз ва роҳнамои фардо» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим, намояндагони илму фарҳанг, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, масъулони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт, донишҷӯён, курсантону афсарон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳои ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ ва дарки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти муҳим дорад.
Дар қисмати маърифатии ҳамоиш як қатор маърузаҳои илмӣ дар мавзуъҳои марбут ба нақш ва хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи миллат пешниҳод гардиданд.
Аз ҷумла, оид ба мавзуъҳои «Садриддин Айнӣ – таҳкимбахши худшиносии миллӣ ва поягузори адабиёти муосири тоҷик», «Бобоҷон Ғафуров – муаррифгари таърихи пурифтихори миллати тоҷик», «Мирзо Турсунзода – шоири сулҳ ва дӯстии халқҳо», «Нусратулло Махсум – оғози Истиқлоли тоҷикон» ва «Шириншоҳ Шоҳтемур – муборизе дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.
Дар баромадҳо саҳми арзандаи ин шахсиятҳои барҷаста дар эҳёи худшиносии миллӣ, рушди илму адаб, муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон, ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки бо ташаббус ва иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи миллат ба таври шоиста қадршиносӣ гардида, онҳо бо унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз шудаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён зарурати омӯзиши амиқи таърихи миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи тоҷик ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ ба маърузачиён ва иштирокчиёни ҳамоиш барои иштироки фаъолона изҳори сипос карда шуда, чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ хотима ёфт.