15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Боиси фараҳу шодӣ, ифтихормандии беҳади мост, ки ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ва алалхусус дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ҳамарӯза иқдому чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ташкилу баргузор карда мешаванд, ки шукуҳу ҷалоли таҷлили ин санаи фархундаро боз ҳам муниру мунаввар мекунанд. - Имрӯз мо дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дошта, дар бораи яке аз мавзуъҳои дурахшонтарини таърихи давлатдории навини тоҷикон – нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон андешаронӣ менамоем. Варақгардонии ин саҳифаҳо ва содиқонаву самимона, аз таҳти дил ва аз руйи виҷдон дар ин хусус ҳарф гуфтан, боиси ифтихори на танҳо шоҳидони ҳолу олимону муҳаққиқон, балки ҳар як тоҷику тоҷикистонии сарбаланду шукргузор аст. Агар Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имкони бунёди давлати мустақилро фароҳам оварда бошад, маҳз Ваҳдати миллӣ барои пойдории ин давлат ва рушди устувори он замина гузошт, ки дар саргаҳи устувории ин ду падидаи нодири давлатсоз ва халқмеҳвар саҳм ва нақши барҷастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ мебошад. Дар бораи муҳимияти таърихии ин ду падидаи нодири даврони навини давлатдории миллииамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки шарти асосии бақои давлат, рушди ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад». Ҷои баҳс нест, ки ин суханҳо моҳияти аслии сиёсати давлатдории навини Тоҷикистонро ифода менамоянд. Таърих гувоҳ ҳаст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳои барҷастаи дорои донишу маҳорати фавқулода ва истеъдоди сарвариву ташаббускорӣ ҷомеаро ба сӯйи пешрафту шукуфоӣ раҳнамун сохта, бо ҷоннисориву фидокорӣ ва аз худ нишон додани намунаи олии ободгариву созандагӣ, дар бедор кардани ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар рушди он ва боло бардоштани нуфузу эътибори ҷаҳонии Ватан нақши бориз ва ҳалкунандаро доро буда, дар ин ҷода худ ва манфиатҳои шахсии худро қурбони ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ кардаанд. Одатан ин хислатҳои фавқулодаи инсонӣ хоси лидерони сиёсӣ буда, ҳар азму талош ва ташаббусу фидокориҳои онҳо ба ҳифзи ҷони миллионҳо нафар ва таъмини зиндагии шоиста барои инсоният равона шудаанд. Аз ин ҷост, ки ҳар насли огоҳу хештаншинос ва шукргузору сипосманд бо баркашидани бори тақдири нек ва зиндагии осоиштаву амни худ, назди ҷоннисориву фидокориҳои шахсиятҳои барҷаста ва чеҳраҳои мондагори таърихӣ бо ҳисси самимият ва ифтихороти баланд арҷгузорӣ намуда, корнома ва фаъолияти шоистаи онҳоро дарси сабақ мешуморад. Сарвари давлат дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих; аз ориён то сомониён» дар боби «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият» иброз менамоянд, ки «Ин ҷанги бемаънӣ ғайр аз оворагию сарсонсонӣ, ғайр аз адовату хонавайронӣ, ғайр аз талафоти ҷони ҷавонон ба мо чизе надод… Дар ҳоле, ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя ба сохтани роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нафту газ, истихроҷи маъдан ва дигар масоили пешрафти иқтисоиёту иҷтимоиёти мамлакаташон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҳангомаҳои якдигаркушӣ авҷ мегирифт, ҷангу набард ва сангарнишиниҳои дастаҳои мухолифин густариш меёфт, садои тиру туфанг ва тӯпу танк халқи осоиштаро ба ҳарос меафканд». Тавре ҳамагон ба ёд дорем, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсоз буда, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор шаҳрвандон муҳоҷир ва гуреза гардида, иқтисодиёти мамлакат зарари бузург дид. Фаъолияти бисёр ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ гардида, таҳдиди аз байн рафтани давлатдории миллӣ воқеӣ буд. Маҳз дар чунин шароити ниҳоят ҳассос Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуд, ки ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, ба халқи Тоҷикистон муроҷиат намуданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам. Ман тамоми донишу таҷриба ва ҳастии худро барои оромии мардум ва ободии Ватан сарф хоҳам кард». Ин суханони шаҳдбори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як ваъдаи сиёсӣ набуда, ба барномаи амали роҳбари ҷавоне табдил ёфтанд, ки масъулияти наҷоти миллатро бар дӯш гирифта буд. Дар хотир дорем, ки барқарор намудани сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кори осон набуда, барои расидан ба ризоияти миллӣ даҳҳо мулоқот, музокирот ва сафарҳои ба ҷон хатарнок аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат анҷом дода шуданд. Агар ба солномаи фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраҳо назар андозем, мебинем, ки давоми солҳои 1994–1997 музокироти байни тоҷикон дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор шуда, дар ин раванд Пешвои миллат иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва фарҳанги баланди сулҳофариро аз худ нишон додаанд, ки маҳз натиҷаи он ҳама таҳаммул – Ваҳдат ва ризоияти миллии мо гардиданд. Сарвари давлат дар ин бобат борҳо ёдовар гардида, аз ҷумла иброз намудаанд, ки «Барои ман ҳифзи давлат ва наҷоти миллат аз ҳама гуна манфиатҳои дигар болотар буд». Дар воқеъ, маҳз ҷаҳду талош ва азхудгузаштанҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустақил ҳифз шуда, ваҳдати сартосарии он таъмин гашта, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо суръат тамин карда шаванд, ки асоси онро Ваҳдат ва ягонагии миллтӣ ташкил медиҳад. Натиҷаи ин талошҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид, ки ин санад ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти сулҳ ва имзои ин санади сарнавиштсоз ба маврид таъкид намудаанд, ки «Сулҳро метавон ба даст овард, аммо ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш мушкилтар аст». Ин андеша имрӯз низ аҳамияти бузург дошта, аз мову шумо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пеш аз ҳама қадршиносиву посдории ин неъмати бабаҳоро тақозо мекунад. Месазад таъкид намуд, ки пас аз таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор шудани сулҳ дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз гардида, дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфт, сохторҳои давлатӣ пурра фаъол гардиданд, низоми молиявӣ ва иқтисодӣ барқарор шуд, амнияти миллӣ таъмин гардид, барномаҳои бузурги рушди иқтисодӣ ба роҳ монда шуданд, ки натиҷаи ҳамаи ин имрӯз ҳамчун натиҷаҳои сулҳу ваҳдат ба ҳар як шаҳрванди мамлакат равшан мебошанд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд гардида, нақбҳои стратегии нақлиётӣ ба истифода дода шуданд, иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ чандин маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯву созанда дар ҷаҳон эътироф гардиданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Натиҷаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз, пеш аз ҳама дар симои шаҳри Душанбе баръало намоён мебошанд. Пойтахти азизи мо имрӯз ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатии минтақа табдил ёфта, дар солҳои охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар он садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ сохта ва ба истифода дода шуданд, ки аз ин ҷиҳат Душанбе макони баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, форумҳои иқтисодӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин раванди созандагӣ низ маҳсули фазои сулҳу субот буда, дар худ шиори «Ободии Ватан аз ваҳдати миллат оғоз меёбад»-ро доро мебошад. Воқеан ҳам, имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи муваффақи оштии миллӣ ба ҳисоб меравад. Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сиёсӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи беназири муколама ва созиш эътироф намудаанд. Дар маркази ин муваффақият маҳз сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, он дар таърихи давлатдории тоҷикон пеш аз ҳама ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёгари давлатдории миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Ваҳдате, ки бо ҷоннисорӣ, заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ваҳдате, ки ба Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва обрӯи байналмилалӣ овард. Ваҳдате, ки имрӯз кафили зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пос доштани заҳмату талошҳои бунёдгузори он — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Пос доштану арҷгузорӣ кардан ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – посу гиромӣ доштани Истиқлолият, Ваҳдат ва даврони навини давлатдории миллист! Бигузор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон таҳти сиёсат ва роҳбарии бунёдгузори он - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидона бошанд! Дилбар ОДИЛЗОДА, муовини Раиси шаҳри Душанбе