15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ЭЪТИРОФИ САҲМИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВИИ КИШВАР

Имрӯз дар Толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ба Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва саҳми арзанда дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии ҷавонон ва дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи даъвати баҳорӣ Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. - Ин эътироф на танҳо ба роҳбарияти ноҳия, балки ба тамоми сокинони ватандӯсти ин диёр тааллуқ дорад, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тарбияи насли ҷавон ҳамеша пешсафанд, - зикр намуд намояндаи Вазорати мудофиа ҳангоми супоридани мукофот. Раиси ноҳия ҳангоми қабули Сипоснома миннатдории худро ба Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, таъкид намуд, ки “ҳифзи Ватан ва дастгирии сиёсати мудофиавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҷонии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад. Масъулини ноҳия дар доираи ваколатҳои худ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нақшаҳои даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд иҷро намояд”. Ҳамзамон ба ин, барои ҳамкории судманд, дастгириҳои ҳамаҷониба ва мусоидат намудан ба ташкил ва баргузории рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Раиси ноҳия бо Ифтихорномаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд. Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки ҳамкории зичи мақомот бо сохторҳои низомӣ омили асосии суботу амният ва сарҷамъии миллат маҳсуб меёбад.