15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ НАВРАСОН ДАР ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА НАВРАСОН
Ҷомеаи шаҳрвандӣ низомест, ки дар он кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба таври фаъол иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳои худро истифода мебаранд. Вале мутаассифона аз мушоҳидаҳо, таҳлилу андешаи коршиносон бармеояд, ки дар саросари давлатҳои дунё вазъи ҷинояткории наврасон хеле зиёд аст. Албатта, зуҳури ҳар ҳодиса сабабҳои субьективӣ ва обьективии худро дошта, яке аз сабабҳои зиёд гардидани теъдоди ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пеш аз ҳама сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Одатан амалҳои ғайриқонунии наврасон дар заминаи хусусиятҳои давраи душвору ҳассос - наврасӣ ва таъсири ночизи ҳаводиси зиддииҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ҳамин замина лозим ба таъкид аст, ки қисме аз наврасон бо таъсири бади ҳамсолони ҷиноятпешаи худ, ё бо ҷалби калонсолон ҷиноят содир менамоянд ва қисми дигари онҳо бошанд, бар асари тамошои филмҳои тарғибгари амалҳои куштору зӯроварӣ ва яктарафа дарк намудани моҳияти он, ки аслан ин гуна филмҳо хеле зиёд аз тариқи телевизион ва интернет намоиш дода мешаванд.
Аслан рафтори зидди қонун амал кардани наврасон аксар вақт дар шакли гирифторшавӣ ба ҳолати қаҳру ғазаб (агрессия) ва аз худ кардани амволи ғайр зоҳир мешавад. Тибқи баҳогузории равоншиносон зоҳиршавии ҳолати қаҳру ғазаб, одатан дар ҳамаи зинаҳои синнусол дида мешавад, вале нисбатан бештар зоҳиршавии он дар давраи синни хурди наврасӣ (аз 10 то 13-солагӣ) бараъло мушоҳида мешавад. Чунки дар ин давра дар ниҳоди наврас аз лиҳози ҷисмонӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд меоянд ва аз ин сабаб бар асари ҳодисаҳои хеле ночизи ба табъу руҳаш нофорам эҳтимолияти ба ҳолати қаҳру ғазаб гирифторшавии онҳо ҳар лаҳза меафзояд.
Умуман, ҷиноятҳое, ки аз тарафи наврасон содир карда мешаванд, асосан иборатанд аз: дуздии амволи ғайр, авбошӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, садамаи нақлиётӣ, куштор, қасдан расонидани зарари миёна ва вазнин ба саломатӣ, тоҷовуз ба номус, кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта. Аз ин рӯ, бо мақсади мусоидат кардан ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткории наврасон ва пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳои дорои дараҷаи махсусан вазнин аз тарафи онҳо дар асоси бароҳмонии як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташаккул додани фарҳанги ҳуқуқии наврасон ногузир дониста мешавад. Одатан ҳамаи он чорабинии мақсадноке, ки дар мактабҳо ба роҳ монда мешаванд, аз ҷумла, раванди таълим, ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабии хонандагон, доир кардани вохӯрии хонандагон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суҳбат, мубоҳиса, саёҳат, соатҳои саволу ҷавоб, бозиҳои нақшофарӣ, конфересияи мактабӣ, ки ҳамаи ин аз ҷумлаи шаклҳои фаъолияти беруназсинфии хонандагон мебошанд, заминаи асосии ташаккули шуури ҳуқуқии наврасон ба шумор меравад.
РАВОНШИНОС ВА ҲУҚУҚҲОИ НАВРАСОН
Мувофиқи таълими илми равоншиносӣ дар синнусоли наврасӣ наврас бештар кӯшиши васеъ кардани доираи ҳуқуқҳои худро карда, ба ин васила мехоҳад худро бо калонсолон дар як радиф қарор диҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки надонистан ва иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби наврасон метавонад аксар маврид боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани онҳо гардад. Масалан, дар ҳолати аз нақшаи тарҳрезинамудаи ҷинояткорон бевосита огаҳӣ пайдо кардан ва ё дар сурати шоҳиди бевоситаи амали ҷиноӣ гаштану вале дар ин асно сари вақт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ё ба намояндаи он хабар надодани наврас метавонад ҳамчун амали саркашӣ кардан аз қарзи шаҳрвандии хеш муаррифӣ гардад ва нисбати ӯ чораҳои ҳатмии тарбиявӣ татбиқ карда шавад.
Ба ҳамин монанд дар давраи калони наврасӣ (аз 14 то 16-солагӣ), махсусан дар писарон ҳирси баланди шаҳвонӣ (гиперсексуальность) мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ, хавфи содир гаштани ҷинояти хусусияти шаҳвонидошта низ аз ҷониби онҳо меафзояд ва ин ҳолат дар сурати надоштани маълумоти кофӣ оид ба соҳаҳои қонунгузорӣ аз тарафи наврасон боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, дар ин давраи синну сол дар заминаи ба вуҷуд омадани як қатор тағйироти анатомию физиологӣ ва аз ин ҳисоб хеле асабонӣ шудани наврасон табиист, ки дар онҳо бар асари ангезандаҳои ҳатто ночизи ба табъу руҳашон нофорам ҳар лаҳзаву ҳар соат чи дар мактабу оила ва чи дар кӯча ба вуҷуд омадани ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ, аз ҷумла ҳолати аффект, агрессия (қаҳру ғазаб) ва дигар ҳолатҳои пуршиддати ҳиссиёт мушоҳида мегардад, ки дар мавриди гирифтор шудан ба ин гуна ҳолатҳо эҳтимолияти даст задан ба ҷиноятҳои дараҷаи ҳархела, ба монанди расонидани зарари сахти ҷисмонӣ, алалхусус ба ҳамсоли худ бо истифода бурдан аз воситаҳои мухталиф аз тарафи наврасон дучанд меафзояд.
ВАО ВА ҲУҚУҚҲОИ НАВРАСОН
Тавре аз иттилои васоити ахбори омма ва расонаҳои хабарӣ бармеояд, тайи солҳои ахир мутаассифона, дар олам новобаста аз он, ки зуд-зуд аз ҷониби СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ қарору қонунҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон ба тасвиб мерасад, аммо дучори амали зӯроварӣ гаштани кӯдакону наврасон ҳамоно бармало ба чашм мехӯрад. Дар ин миён Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои дунё аз ин ҳодисаҳои номатлуб, ки ба он бештар кӯдакону наврасон ҳам дар хонавода ва ҳам дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ мувоҷҷеҳ мешаванд, дар канор нест.
Дар воқеъ имрӯзҳо ҳарчанд, ки дар асоси Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, (моҳи ноябри соли 1989 аз тарафи СММ қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 26-уми сентябри соли 1993 эътироф намудааст) ҳуқуқу манфиати кӯдакону наврасон ҳамчун арзиши воло дониста шуда, дар асоси он расонидани ҳар гуна амали зӯроварӣ, бахусус зоҳир кардани зӯроварии ҷисмонӣ, ки нисбатан шакли паҳншудатарини он ба шумор меравад, манъ аст.
Умуман, барои раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна бадбахтӣ, ҳамзамон баҳри ноил гаштан ба комёбиву муваффақиятҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ дар ҳар давру замон новобаста аз синну сол баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокӣ, хосса дар айёми наврасӣ ногузир ба ҳисоб меравад. Зеро доштани дониш дар ҳама бобат натанҳо наврасонро аз нохушиҳо эмин нигоҳ медорад, балки қалби онҳоро мунаввар сохта, эшонро аз содир кардани ҳар гуна аъмоли ношоям ва гаравидан ба роҳи бад боз медорад.
Айни замон бештари ҷиноятҳову ҳуқуқвайронкуниҳо решаи иҷтимоӣ дошта, асоси онҳоро надонистан ва огоҳ набудан аз талаботи қонунҳо ташкил медиҳад. Чунин ҳолат аз он сабаб ба амал меояд, ки таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар байни наврасон аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мунтазам бурда намешавад. Ғайр аз ин, васеъ гаштани тасаввуроти ҳуқуқии наврасон, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғон мебошад. Зимни тарбияи ҳуқуқӣ ҷараёни дигар намуди тарбия, ба монанди тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, ақлию зеҳнӣ, бо вуҷуди он ки дар ин миён тарбияи ҳуқуқӣ афзалияти бештарро соҳиб аст, таъмин мегардад.
Аз ин рӯ, бо назардошти ҳамаи ин хусусиятҳои равонии наврасон баҳри ҳарчӣ бештар омӯзонидани донишҳои ҳуқуқӣ ба эшон дар ин давраи басо қулай кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим аст, то ин ки фурсати муносиб беҳуда сипарӣ нагардаду наврасон бидуни сарфи саъю талоши зиёдатӣ донишҳои ҳуқуқиро ба осонӣ аз худ карда бошанд. Доштани донишҳои ҳуқуқӣ ба наврасон имкон медиҳад, ки дарк намояд ва фаҳманд, ки кадом амал қонунӣ асту кадоми он ғайриқонунӣ, шаҳрванд соҳиби кадом ҳуқуқу уҳдадориҳо аст ва чи гуна аз онҳо метавонад дифоъ намояд, ҳамчунин фаъолияти мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз чи иборат асту ба чи асос меёбад. Ҳамаи ин наврасонро барои бошуурона идора кардани рафтору кирдори хеш қодир месозад.
Набояд фаромӯш кард, ки асри XXI асри рушди техника ва технология мебошад. Яке аз чунин роҳҳои дар ин самт ниҳоят муфиду арзишманд ва хеле самарабахш ин ҷоннок кардану вусъат бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқот дар байни оммаи васеъи мардум, махсусан наврасон ба шумор меравад. Бисёр хуб мешуд, агар ин кор, на танҳо тариқи китобу дастури илмӣ, балки таввасути воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ васеътар сурат мегирифт. Чунки воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама шабакаи ҷаҳонии интернет ва рӯзномаву маҷаллаҳо дар баробари он, ки бо хусусияти публисистиро доро будан, ҳамчун воситаи хуби тарғибгари донишҳои ҳуқуқӣ дар байни дигар васоити бо ин ҳадаф истифодашаванда мавқеи нисбатан устуворро ишғол менамоянд. Ҳамзамон ба сифати воситаи созгори аёнӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани шуури ҳуқуқии наврасон баромад мекунанд. Мусаллам аст, ки дар давраи хурди наврасӣ хонандагон ҳанӯз ҳам ҷиҳати ба хубӣ аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ ба васоити аёнӣ эҳтиёҷ дошта, бо мақсади ба таври васеъ омӯхтани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи наврасон истифода шудани воситаҳои болозикр ниҳоят судманд хоҳад буд.
Зеро на ҳар наврас, хосса наврасони «душвортарбия» ва аз назари педагогӣ қафомонда, ки дар аксар маврид маҳз ана ҳамин қабил наврасон ҷиноят содир мекунанд, хоҳиши хондани китобро доранд ва дар ҳамин замина онҳо ҷойи китобро бо воситаҳои ахбори омма иваз намуда, талаботи маънавии хешро низ бештар аз ин ҳисоб қонеъ мегардонанд ва дар ин миён нақши тамошои намоишномаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ дар ҳаёти наврасон асосӣ буда, мавқеи муҳимро касб мекунад.
Аз ин лиҳоз, мутахассисону масъулини соҳаи ВАО-и кишварро зарур аст, ки ҷиҳати мусоидат кардан ба суръат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва педагогӣ барномаҳои телевизиониро дар шакли жанрҳои гуногуни он, амсоли: шоу-барномаҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ, роликҳои таблиғотӣ, ки дар онҳо вазъи мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад, бештар таҳия ва пахш намоянд. Ҳамчунин аз сӯи дигар корро дар самти созмон додани сомонаҳои интернетӣ, ки дорои мазмуну муҳтавои баррасикунандаи вазъиятҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, мебояд тақвият бахшид.
ҲУҚУҚҲОИ НАВРАВОН ВА МАКТАБ
Бо назардошти мукамал гардидани соҳаи маориф, натанҳо азхудкунии донишҳои муосир зарур аст, инчунин дар ин замина тарбия ва инкишофи минбаъдаи насли наврасро барои ҷомеаи демократӣ омода намудан зарур аст. Бо вуҷуди ин мушкилӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ва тадриси хонандагон дар дарсҳои фанни ҳуқуқи инсон то ҳол барои омӯзгорони мактабҳо нофаҳмиҳои зиёд мавҷуд аст. Айни замон тадриси фанни ҳуқуқи инсон танҳо ба тарбияи шаҳрвандии хонандагон барои ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст. Аммо омӯзгорони фанни мактабӣ - ҳуқуқӣ инсон ба мушкилии зиёд дучоранд. Пеш аз ҳама, аксарият мутахассиси бевоситаи ҳамин фан нестанд. Фанни ҳуқуқи инсонро дар бештари мактабҳои мо омӯзгорони фанни таърих ё дигар фанҳои гуманитарӣ тадрис медиҳанд, ки моҳияти фанро ба пурагӣ аз худ накарда, мақсад ва вазифаҳои таълими ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандиро дарк накардаанд.
Фанни ҳуқуқи инсон бо душвориҳои ҷаҳони имрӯза ба монанди муҳити зист, муносибати байнифарҳангӣ, терроризм, ифротгароӣ, ҳифзи саломатӣ, ҳолати наврасон, пиронсолон ва ашхоси имконияташон маҳдуд зич алоқаманд аст. Ин барои васеъ истифода кардани робитаҳои байнифаннӣ (адабиёт, география, экология, таърих ва ҳуқуқ) имкон фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки тарбия тавассути ҳуқуқи инсон амалӣ гардида, эҳсосоти масъулият барои амалҳои худ, кӯшиш ба инкишофи шахсӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ: ҳисси кунҷковӣ, шавқмандӣ, фаҳмиши арзишманди гуногунрангӣ, ҳамдардию ҳамдилӣ бо дигарон, кӯшиши дастгирии онҳое, ки ҳуқуқҳояшон зери таҳдид қарор дорад, эҳсоси шарафи одамӣ, донистани қадри худ ва қадри дигарон, сарфи назар аз нажод, забону дин, эҳсоси адолатмандӣ, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ташаккул дода шавад.
Фанни ҳуқуқи инсон ба наврасон имкон медиҳад, ки дар замири онҳо ҳанӯз аз овони наврасӣ арзишҳои ахлоқӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ва муносибат ба раванди рушди ҷомеа дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ташаккул дода шавад.
Сайфиддин МУРОДОВ,
сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе