15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе — рамзи пешрафт ва дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон

Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат соҳаҳое ҳастанд, ки ба рушди иқтисодӣ, таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин соҳаҳои муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон авиатсияи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки тайи як аср роҳи пуршарафи рушду такомулро тай намуда, имрӯз ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки имрӯз ҳамчун дарвозаи ҳавоии кишвар шинохта мешавад, маркази муҳими нақлиётӣ ҳавоӣ, муаррифгари фарҳанг, меҳмоннавозӣ ва симои Тоҷикистони муосир дар назди ҷаҳониён мебошад.
Таърихи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1924 оғоз мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз нахустин ҳавопаймои навъи Ю-13 аз шаҳри Бухоро ба шаҳри Душанбе парвоз намуда буд. Ҷолиби диққат аст, ки аввалин ҳавопаймо дар пойтахт ду сол пеш аз автомобил ва панҷ сол пеш аз роҳи оҳан пайдо гардида буд. Ин далел аз он шаҳодат медиҳад, ки авиатсия аз нахустин солҳои ташаккули давлатдорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим бозидааст.
Бо таъсиси нахустин гиреҳи ҳавоии Душанбе ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав тавассути қаторкӯҳҳои Помир, марҳилаи нави рушди соҳа оғоз гардид. Соли 1930 дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи дараҷаи аввал бунёд шуд. Баъди як сол дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ғарм, Панҷ ва Данғара низ фурудгоҳҳо сохта шуда, парвозҳои мунтазам аз пойтахт ба ин минтақаҳо ба роҳ монда шуд.
Дар шароити ҷуғрофии кӯҳистонии Тоҷикистон нақлиёти ҳавоӣ аҳаммияти хосса касб намуд. Маҳз тавассути авиатсия сокинони минтақаҳои дурдасти Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Бартанг, Яғноб ва дигар ноҳияҳои кӯҳистон ба марказҳои маъмурӣ пайваст гардиданд. Агар қаблан сафар ба ин минтақаҳо рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо тул мекашид, пас бо рушди авиатсия вақт даҳҳо маротиба кӯтоҳ гардид.
Моҳи марти соли 1937 Идораи ҳудудии Флоти ҳавоии шаҳрвандии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки заминаи муҳими ташаккули сохтори муосири авиатсияи кишварро фароҳам овард.
Дар солҳои 50-ӯм рушди авиатсияи Тоҷикистон суръати тоза гирифт. Соли 1945 ба ихтиёри идораи авиатсия ҳавопаймоҳои навъи Ю-52 ва Ли-2 ворид гардиданд ва нахустин парвози ҳавопаймои Ли-2 дар хатсайри Сталинобод — Москва анҷом дода шуд.
Давраи солҳои 1950–1960 ҳамчун марҳилаи рушди босуръати авиатсияи кишвар арзёбӣ мегардад. Дар ин солҳо паркҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои АН-2, Ил-12, Ил-14, Ил-18, АН-6 ва чархболҳои Ми-4 муҷаҳҳаз гардиданд. Соли 1954 хатсайри нахустини Сталинобод — Сочи ба роҳ монда шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳавонавард тоҷик ҳамеша ҷасорат ва маҳорати баланд нишон додаанд. Соли 1959 халабон Б. М. Воробёв бо ҳавопаймои АН-6 бори аввал дар рӯи яхи кӯли Сарез фуруд омад. Ин воқеаи нодир дар таърихи авиатсияи минтақа ҳамчун намунаи касбият ва шуҷоат сабт гардидааст.
Соли 1960 маҷмааи нави фурудгоҳ ва хатти парвоз ба истифода дода шуд. Дар ҳамон сол парвози мустақими Сталинобод — Москва бо ҳавопаймои Ил-18 амалӣ гардид. Ҳамчунин хатсайрҳои нав ба самти Фрунзе, Алмаато ва Новосибирск ифтитоҳ ёфтанд.
Дар солҳои 70–80-уми асри гузашта паркҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои муосири ТУ-154, ЯК-40, АН-26 ва АН-28 пурра шуданд. Соли 1979 ҳавопаймои Ил-18 нахустин парвози башардӯстона ба Афғонистонро анҷом дод. Соли 1984 низоми автоматии фармоиши чиптаҳои ҳавоӣ — «Сирена» ҷорӣ гардид.
Маҳз дар ҳамин давра авиатсияи Тоҷикистон дар ҳайати «Аэрофлот»-и Иттиҳоди Шуравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, аз рӯи самаранокии истифодаи ҳавопаймоҳои ЯК-40 ва АН-28 мақоми аввалро соҳиб шуд.
Солҳои 1990–1991 паркҳои ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои Ил-76, ТУ-154М ва чархболҳои Ми-8 МТВ-1 ғанӣ гардиданд. Дар Тоҷикистон аввалин ретранслятори Осиёи Марказӣ — «Зардак» сохта шуда, хатсайри байналмилалии Душанбе — Урумчӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рушди авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид гардид. Сохтори идоракунии соҳа мутобиқ ба талаботи замон такмил ёфта, ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ таъсис дода шуданд. Дар фазои ҳавоии кишвар дар баробари ҳавопаймоҳои истеҳсоли Россия, ҳавопаймоҳои муосири «Боинг» низ ба фаъолият оғоз карданд.
Марҳилаи муҳим дар рушди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 вобаста аст. Мутобиқи ин қарор Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба субъекти мустақили хоҷагидорӣ табдил ёфт.
Имрӯз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе яке аз муҳимтарин марказҳои нақлиётии кишвар маҳсуб ёфта, ба мусофирон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ хизматрасонии замонавӣ пешниҳод менамояд. Фурудгоҳ бо даҳҳо ширкатҳои ҳавопаймоии дохиливу хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, парвозҳоро ба самтҳои гуногуни ҷаҳон таъмин мекунад.
Фурудгоҳ на танҳо як иншооти нақлиётӣ, балки чеҳраи пойтахт ва тамоми кишвар аст. Ҳар як меҳмони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, аввалин тасаввуроти худро маҳз аз ҳамин макон ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, таъмини шароити мусоид, сатҳи баланди хизматрасонӣ, амният ва роҳати мусофирон аз вазифаҳои асосии кормандони фурудгоҳ ба ҳисоб меравад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сиёсати кадрӣ мебошад. Имрӯз роҳбарияти фурудгоҳ ба масъалаи омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки муассиса ба шумор меравад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди авиатсияи шаҳрвандӣ ба яке аз нишондиҳандаҳои муҳими пешрафти давлат табдил ёфтааст. Тоҷикистон низ бо такя ба сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат ҷиҳати навсозии зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз на танҳо маркази парвозҳо, балки рамзи рушди иқтисодӣ, ҳамгироии байналмилалӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Маҳз тавассути ин дарвозаи ҳавоӣ садҳо ҳазор мусофирон ҳар сол вориди кишвар гардида, бо фарҳанг, таърих ва дастовардҳои миллати тоҷик ошно мешаванд.
Таърихи садсолаи авиатсияи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин соҳа ҳамеша дар хидмати мардум қарор дошта, дар рушду ободии кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз низ кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба касб ва муҳаббат ба Ватан барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолияти пурсамар доранд.