15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ГУЛГАШТИ ТАЪРИХ ВА СОЗАНДАГИИ ПОЙТАХТ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз воҳидҳои маъмурӣ ва муҳими шаҳри Душанбе ба шумор рафта, тули солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба рушду пешрафти наззаррас ноил гардида, симои ноҳия ба куллӣ дигаргун гашта, ба як маркази муосири илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ табдил ёфта, яке аз чор ноҳияи марказӣ ва қадимитарини шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Дар замони соҳибистиқлӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, ки қалби санъати волои пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, бунёди иншооти муҳташам бо лоиҳаҳои тарҳрезигашта, ки имрӯз ҳусни шаҳрро дучанд зебову дилрабо мекунанд, маҳз дар ҳамин давра сурат гирифтааст. Дар ин давра садҳо корхонаҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шудааст. Таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Рушди соҳибкории хурду миёна, ки боиси таъсиси ҳазорҳо ҷойи кории нав гардидааст, ба низоми муосири савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла бунёди марказҳои бузурги савдо нишонаи баръалои онҳост, ки бо истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати ноҳия дар даврони Истиқлол заминаи мусоид фароҳам овард. Сармояи инсонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар се даҳсолаи охир дар ҳудуди ноҳия иншооти дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ қомат афрохта, дастовардҳои беназир дар соҳаи маориф ва илм дучанд афзудааст, ки бунёди даҳҳо муассисаҳои таълимии муосир ва кӯдакистонҳои замонавӣ аз он дарак медиҳад. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ноҳия шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ 33 ададро ташкил дода, шумораи умумии кормандон наздики 4000 нафарро ташкил медиҳад, ки ба хизматрасонии шабонарӯзии сокинони ноҳия машғуланд. Азнавсозии куллии беморхонаҳо ва бунёди марказҳои ташхисию табобатии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин дар онҳо роҳандозӣ шуда, фаъолияти пурсамар доранд. Яке аз дастовардҳои назаррас дар ноҳияи Шоҳмансур беҳтар шудани ҳолати роҳҳо мебошад. Таҷдиди роҳҳои маҳаллаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои ноҳия ба осуда шудани равуои одамон, ҳаракати нақлиёт ва зебогии шаҳр мусоидат намуда, аксар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия аз таъмири ҷорӣ ва капиталӣ бароварда шудааст. Инчунин бунёди гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва болоизаминӣ бо тарҳи наву замонавӣ ва мутобиқ ба талаботҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Сабзу хуррамгардонии боғу гулгаштҳо, ки ноҳияи Шоҳмансурро ба яке аз минтақаҳои сабзи пойтахт табдил додаанд, бо маром идома дошта, шукуҳу шаҳомат ва тозагии роҳрави кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия боз ҳам зеботар гардидааст. Баҳри тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу хурамгардонии ҳудуди ноҳия ҳамасола ҳазорҳо бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан, миллионҳо адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, дар масоҳати даҳҳо ҳазор метри мураббаъ сабзазорҳо ташкил карда мешаванд. Дар ҳудуди ноҳия 24 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон мавҷуданд, ки дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор доранд ва ҳамарӯза дар онҳо ҳазорҳо нафар кӯдакону наврасон ба бозӣ фаро гирифта мешаванд. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1” тули се сол аст фаъолият дорад. Дар мактаби варзишии мазкур аз рӯйи 9 навъи варзиш бо толорҳои барҳаво варзишгарон ба тарбия ҷалб гардида, 23 нафар мураббиёни лаёқадманду боистеъдод ба варзишгарон нозукиҳои варзишро омӯзонида, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва доштани тарзи ҳаёти солим тарбия намуда истодаанд. Ногуфта намонад, ки дар муассиса варзишгардухтари тоҷик Мадина Қурбонзода дар намуди гуштини ҷудо ба тарбия фаро гирифта шудааст, ки то инҷониб дар якчанд мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо сари баланд дар чандин мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз кишвар парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст. Дар радифи Мадина варзишагри навраси муассиса Муҳаммад Шарифзода низ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни ҳамсолони худ рақобат намуда, сазовори мақоми аввал гардидааст. Инчунин дар муассиса дигар варзишгарон аз намудҳои варзиши муайтай, самбо ва гӯштини миллӣ ба тамрин фаро гирифта шудаанд, ки дар мусобиқаҳои гуногун ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ноил гардидаанд. Боиси ёдоварист, ки дар соли гузашта 18 нафар варзишгари муассисаи варзишии ноҳия бо дарназардошти нишондодҳои варзишиашон гирандаи Стипендияи варзишии Раиси ноҳия гардидаанд. Дар моҳи марти соли равон ҷамбаст ва натиҷагирии варзишии соли гузаштаи 2025 аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гадид, ки дар он дастовардҳои баланди варзишии варзишгарон ва натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои варзишии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид. Дар маросими мазкур дастовардҳои муассисаи варзишии ноҳия низ муаррифӣ гардида, Мадина Қурбонзода варзишгари беҳтарин, Муҳаммад Шарифзода варзишгари навраси беҳтарин, Муртазо Носиров мураббии беҳтарин ва Муассиса давлатии “Мактаби варзишии №1”-и ноҳия беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш дар соли 2025 эътироф гардиданд. Чунин дастовардҳои варзишӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Шоҳмансур гувоҳи он аст, ки пойтахти мо – шаҳри Душанбе рӯз то рӯз ба яке аз шаҳрҳои пешрафта ва назаррабои минтақа ва ҷаҳон табдил меёбад. Чунин пешрафт ва дастовадҳои назаррас натиҷаи талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, имрӯзҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар назди худ мақсад гузоштааст, ки намунаи беҳтарини бунёдкориву созандагӣ ва дастовардҳои нав ба навро барои пешрафти Ватани азизамон дошта бошад. Дар маҷмуъ, пешрафти ҳамаҷонибаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе на танҳо комёбии иқтисодӣ, балки натиҷаи заҳмати софдилонаи сокинон ноҳия дар роҳи ободии пойтахт ва гувоҳи равшани шукуфоии Тоҷикистони азизамон мебошад. Сафар ОЛИМЗОДА, раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе