Имрӯз дар МД "Амфитеатр"-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи даъватшавандагон маросими тантанавии гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он ҷавонони даъватшаванда, намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ иштирок намуда, наваскарон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва хизмати содиқона ба халқу давлат қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони ватандӯст ба ҳисоб меравад. Ба ҷавонон дар роҳи адои хизмати ҳарбӣ саломатии бардавом, рӯҳияи қавӣ, иродаи устувор ва барору комёбӣ орзу карда шуд. Наваскарон изҳор доштанд, ки бо сарбаландӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.