Дар арафаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои самимӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати Ватан, имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои наваскарон дастархони идона ороста гардид.
Зимни чорабинӣ ба ҷавонон суханони нек, дуои сафед ва таманниёти самимӣ расонида шуда, таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва масъулияти пуршарафи ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҷасорату матонат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.
Ба наваскарон хизмати бомуваффақият, саломатии бардавом, рӯҳияи қавӣ, иродаи устувор ва бозгашти сарбаландона ба назди падару модар ва наздикон орзу карда шуд.