30/01/2026
Дар доираи ҳидояту
раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе
муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, баҳри сабзу хуррам
нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ бо иштироки муовини
Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо,
муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ ва масъулини ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ
баргузор гардид.
Зимни оғози корҳои
ниҳолшинонӣ дар назди бинои Вазорати фарҳанг вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матлубахон Сатториён низ ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайваста, саҳми худро дар
ободу зебо гардонидани хиёбони пойтахт гузошт.
Муовини Раиси шаҳри
Душанбе Толиб Раҳимзода қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як сокини пойтахт дар ободониву сабзкорӣ
саҳми арзанда ва намоён гузорад, зеро ниҳолшинонӣ на танҳо ба зебогии муҳит
мусоидат менамояд, балки дар таъмини ҳавои тоза, коҳиши ифлосшавӣ ва ҳифзи
табиат нақши муҳим дорад.
Дар хиёбони номбурда
30 адад дарахти ороишии магнолия шинонида шуд. Барои дуруст нигоҳубин кардан ва
парвариши дарахтон аз ҷониби роҳбарият ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки ноҳияи Шоҳмансур яке аз навоҳии марказии пойтахти Ҷумҳурии
Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба шумор рафта, барои пайваста сабзу хуррам нигоҳ
доштани кӯчаву хиёбонҳои он ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем
Зимни суҳбат
масъулин иброз доштанд, ки баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар оянда низ
идома дошта, нигоҳубин, обёрӣ ва сари вақт таъмин намудан бо нуриҳои минералӣ,
наркунии бехи дарахтон зери назорати доимӣ қарор дода мешавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ
бозгӯйи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба масъалаҳои экологӣ буда, ҳамчун иқдоми
созанда дар роҳи рушди устувор, ободонӣ ва зиндагии беҳтари аҳолӣ мебошад.