Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мост. Ин санаи таърихӣ на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрии ватан, балки давраи таҷаллии арзишҳои олии инсонӣ, сулҳхоҳӣ ва бахшишу меҳрубонӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Дар арафаи ин ҷашни муборак, иқдоми навбатии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули Қонуни авф ва озод намудану кам кардани муҳлати ҷазои ҳаждаҳ ҳазор нафар, бори дигар собит сохт, ки сиёсати давлати мо бар пояи инсонмеҳварӣ ва раҳму шафқат устувор аст.
Қабули қонуни авф аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қадами бузурги маънавӣ ва тарбиявӣ мебошад. Ин иқдом танҳо озод кардани шахсони хатокарда аз маҳбас нест, балки,бозгашт ба оғӯши оила. Ҳазорон модарон, фарзандон ва ҳамсарон соҳиби сарпараст ва пайвандони худ гардиданд, ки ин боиси эҳёи шодиву сурур дар хонадони онҳо шуд.
Давлати Тоҷикистон ба ҳаждаҳ ҳазор нафар шаҳрвандони худ имконияти дубора дод, то аз хатоҳои гузашта хулоса бароварда, ба зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалол баргарданд.
Инсоне, ки мавриди авфу бахшиши Ватан ва Пешвои худ қарор мегирад, дар қалбаш ҳисси миннатдорӣ ва масъулият дар баробари қонун ва ҷомеа дучанд мегардад.
«Авф ва бахшиш аз хислатҳои ҷавонмардӣ ва фарҳанги қадимии миллати тоҷик аст, ки имрӯз дар сиёсати Пешвои муаззами миллат инъикоси худро меёбад.»
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ нишон доданд, ки қонун на танҳо барои ҷазо додан, балки барои тарбия ва ислоҳи инсон аст. Ташаббуси авф намудани ҳаждаҳ ҳазор нафар дар остонаи ҷашни Истиқлолият нишонаи хираду дурбинӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба тақдири ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз хатогиҳои содиркардааш мебошад.
Ин иқдом дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун намунаи олии эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва башардӯстии сохтори давлатии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Хулоса, Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки соҳиби чунин давлати ғамхор ва Роҳбари олиҳиммату раъятипарвар бошем. Авфи ҳаждаҳ ҳазор нафар маҳбусон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият паёми равшанест, ки Тоҷикистон хонаи умед, бахшиш ва муҳаббат барои ҳар як фарзанди ин марзу бум аст.
Вазифаи ҳар як нафари авфшуда ва умуман ҳар як шаҳрванд он аст, ки ин олиҳимматии Пешвои миллатро қадр кунад, ба қадри тинҷиву истиқлолият бирасад ва барои шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро гузорад.
Зиндаву ҷовид бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат!