15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

 

30/12/2025

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Олимзода баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Олимзода даъват шуда, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Пас аз интихоби ҳайати Котибот, Комиссияи таҳрирӣ ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шуруъ намуданд.

Ба муҳокима дар рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин гузошта шуданд:

1. Дар бораи ҳисоботи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026;

2. Оид ба лоиҳаи буҷети ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои соли 2026 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар соли 2024;   

3. Дар бораи ҳисоботи раиси Коммисия оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.

Доир ба масъалаи якум ҳисоботи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2025 шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурди миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дарёфти манбаҳои иловагии андозу пардохтҳо якқатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монда аст, ки бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳия таъмин карда шуд.

Масъалаҳои дуюм ва сеюми мавриди муҳокима қарордошта баррасӣ шуда, бо мақсади таминоти босифати барномаи рушди иҷтимию иқтисодӣ ва ҷорабиниҳои ҳаётан муҳимми ноҳия бо захираҳои молиявӣ, самаранок ва саривақт маблағгузорӣ намудани фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ дар соли молиявии 2026 Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон, дар асоси масъалаҳои муҳокимашуда аз ҷониби Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Олимзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.