Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъват шуда, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Пас аз интихоби ҳайати Котибот, Комиссияи таҳрирӣ ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шуруъ намуд.
Ба муҳокима дар рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар бораи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи “Барномаи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои дигари ҷаласа муҳокимаҳои судманд сурат гирифта, қарорҳои муносиб қабул шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Сафар Маҳмадшо ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, то корҳои ободонию созандагиро дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо боз ҳам вусъат бахшанд.
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.