Дар партави сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободонии пойтахт бо дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки инфрасохтори шаҳрӣ, аз ҷумла роҳҳои дохилимаҳаллӣ бо талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шаванд.
Дар доираи ҳамин ҳадафҳои созанда, дар маҳаллаҳои Бӯстон 1 ва Бӯстон 2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо бо муваффақият анҷом ёфтанд.
Дар маҳаллаи номбурда дар умум 4 км роҳ бо паҳноии 7-8 метр мумфарш карда шуд.
- Мумфарш шудани ин роҳҳо орзуи чандсолаи сокинони маҳалла буд. Имрӯз ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, маҳаллаи мо симои нави ҷашнӣ гирифт. Аз соҳибкорони ватандӯст, ки дар ин кори хайр саҳм гузоштанд, бениҳоят миннатдорем, - иброз дошт сокини маҳаллаи Бӯстон.