ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳри анҷоми корҳои ободонӣ ва навсозии инфрасохтори маҳаллӣ корҳои мумфаршкунии кӯчаҳои "Бухоро" ва "Истаравшан"-и ноҳия бо маром идома дорад. Дар маҷмуъ, зиёда аз як километр қисмати роҳи ин кӯчаҳо, ки яке аз масирҳои серодаму нақлиётгузар ба ҳисоб мераванд, пурра бо асфалти хушсифат пӯшонида шуда истодааст. Корҳои таъмиру навсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии роҳсозӣ ҷараён дорад. Дар назар аст, ки роҳ бо хатҳои уфуқии нишондиҳанда ва аломатҳои зарурӣ муҷаҳазонида шуда, бо ин восита бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон таъмин мегардад. Дар баробари асфалтпӯшкунӣ қисмати пиёдагард (тротуар)-ҳо ва ҷӯйборҳои канори роҳ низ ба тартиб оварда шуданд. Сокинони маҳаллӣ аз ин ташаббус изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки таъмири роҳ мушкили чандинсолаи равуоро, махсусан дар фасли боришот бартараф кард. Ин иқдом натанҳо ҳаракати нақлиётро осон менамояд, балки ба симои эстетикии шаҳр ҳусни тоза зам мекунад. Лозим ба зикр аст, ки навсозии кӯчаҳои номбурда идомаи мантиқии сиёсати созандагӣ дар пойтахт буда, мақомот нақша доранд, ки дар марҳалаҳои оянда таъмири дигар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияро идома диҳад.