Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо МД ”Мактаби варзишии ноҳия” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар бозиҳои ҷолиби ин мусобиқа натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:
• Миёни дастаҳои маҳаллаи Бинокорон ва Минтақаҳои 192-193 ҳисоб 4:2 ба фоидаи дастаи Бинокорон ба анҷом расид.
• Миёни дастаҳои маҳаллаи Шоҳмансур-2 ва Зартеппа ҳисоб 2:1 ба фоидаи дастаи Шоҳмансур-2 хотима ёфт.
Мақсади асосии баргузории ин мусобиқаҳо дар сатҳи маҳаллаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинон, бахусус ҷавонон ба варзиш, истифодаи самараноки вақти холӣ ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб мебошад.
Чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули рӯҳияи солиму фаъол дар байни ҷавонон мусоидат менамоянд.