15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.
Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд.
Таҷҳизонидани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудааст.
Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад.
Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии Ҳаёт 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимї таъмин гардиданд.
Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.