7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хатти оби полезӣ аз масофаи 500 метр бо лулаҳои полиэтиленӣ оварда шуда, дар ин қитъа зиёда аз 200 гектар замини картошка обёрӣ карда мешавад.
Дар ин мавзеъ тухмии навъҳои аълосифати картошка, аз ҷумла Сомон, Азизӣ, Шукрона, Каримӣ, Овчӣ ва Ғончӣ кишт карда шудааст, ки ҳосилнокии онҳо аз як гектар аз 500 то 700 сентнерро ташкил хоҳад дод.
Зимни боздид аз нашъунамои заминҳои кишти картошка Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ дастуру тавсияҳо доданд. Дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Шаҳристон 12 навъи картошка кишт карда шудааст, ки ҳоло ҳосилнокӣ ва нашъунамои онҳо хеле хуб аст.
Лоиҳаи азхудкунии заминҳои нав барои кишти картошка дар ҳудуди чор деҳа, аз ҷумла деҳаҳои Ваҳдат, Мавзеи Овчӣ, Себзор ва Ободии ду деҳот Шаҳристон ва Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон сурат гирифта, заминҳои мазкур тавассути 25 чоҳи амудӣ обёрӣ карда мешавад.
Зимни муаррифии ин лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия азм доранд, ҷамъоварии картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.
Лоиҳаи обёрии заминҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар се деҳа, аз ҷумла деҳаҳои Оббурдон, Ҳадишаҳр ва Падаск амалӣ гардид, ки тибқи дурнамо ҳоло 822 гектар майдони кишти картошка пурра обёрӣ карда мешавад. Асосан обёрии ин заминҳо аз дарёи Зарафшон таъмин карда хоҳад шуд.
Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат ҳамчунин аз намоишгоҳи дастранҷи кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ беш аз 30 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, меваю сабзавот, карам, помидору бодиринг, тарбуз ва харбуза, зардолу, шафтолу, ғалладонагиҳо, асал ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу дизайни зебо пешкаш гардида буд. Ҳамзамон гиёҳҳои шифобахш, маҳсулоти ширӣ, анвои нонӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ пешниҳод карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз намоишгоҳ бо масъулон суҳбат ороста, онҳоро барои афзоиши истеҳсолот, содирот, зиёд кардани майдонҳои кишт аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тарзу тозаи ватанӣ ҳидоят карданд.