15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ «ПАРАСТУ» ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту» бо шукӯҳу шаҳомати хоса ба истифода дода шуд.
Дар маросими кушоиши ин даргоҳи илму маърифат муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Шарифзода Бахтиёр ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо иштирок доштанд. Иншооти мазкур бо ташаббуси шоиста ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ — Сайидзода Бахтиёр бунёд гардида, саҳми арзандае дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани шароити мусоиду муосир барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Бинои муассиса аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 1900 метри мураббаъ сохта шудааст. Корҳои сохтмонии ин гӯшаи обод бо сифати баланд дар муддати кӯтоҳи ҳашт моҳ ба анҷом расидаанд. Муассиса дорои шаш синфхонаи барҳаво, ошхонаи замонавӣ, толори мусиқӣ ва толори варзишӣ буда, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, дар атрофи бино майдончаи зебои бозӣ бунёд гардидааст, ки барои солимиву фароғати кӯдакон ва рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо шароити беҳтарин муҳайё мекунад.
Ифтитоҳи кӯдакистони «Парасту» гувоҳи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи соҳибкорони боғайрати ватанӣ ба ободонии пойтахт ва дастгирии қишри иҷтимоии ҷомеа аст. Бешубҳа, чунин иқдомҳои нек дар беҳтар гардидани дастрасии кӯдакон ба таълими томактабӣ ва ба воя расонидани фарзандони солиму соҳибмаърифат заминаи устувор мегузоранд.