15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Ифтитоҳи маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдат

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдатро ба истифода доданд.
Иншооти нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида, дорои 25 кат мебошад ва дар он барои ташхису табобат шароит фароҳам оварда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед 25 ҷойи корӣ таъсис ёфта, ҷавонони донишманду соҳибтаҷриба барои фаъолият ҷалб шудаанд.
Дастгоҳҳо барои ташхис ва ҷарроҳӣ аз Русия, Корея, Ҷопон ва Чин ворид гардида, имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳои тиббӣ мутобиқ ба талабот ба роҳ монда шавад.
Дар озмоишгоҳ ҳуҷраҳои рентген, физиотерапия, бастабандӣ, доругузаронӣ ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд аст.
Ду синфхона барои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ва баланд бардоштани донишҳои тиббии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароит ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ барои пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии беморон басо муҳим аст.
Дар марказ панелҳои офтобӣ насб шудааст, ки онро бо қувваи барқ таъмин менамоянд.
Корҳои сабзкорию чароғонсозӣ дар шафати роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Ваҳдат – Рашт - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон зебоии дучанди маркази ташхисию табобатии Лормедро таъмин намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар 5 соли охир дар шаҳри Ваҳдат 21 иншооти хурду калони тиббӣ бунёд ва 13 маркази саломатии деҳот аз таъмир бароварда шудааст.