Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шаҳрҳои бародару шарики Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, сохторҳои шаҳрӣ, воситаҳои ахбори омма ва Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби бештари сайёҳон, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ба соҳа тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 барои таҳкими ҳамкории байни субъектҳои соҳа, ба роҳ мондани робитаҳои нави тиҷоратӣ, муаррифии маҳсулоту хизматрасониҳои сайёҳӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешрафта миёни иштирокдорони ватаниву хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 аз 24 то 26 сентябр баргузор шуда, 24 сентябр аз соати 14:00 то 17:00 ва рӯзҳои 25-26 сентябр аз соати 09:00 то 17:00 идома хоҳад кард.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок менамоянд, ки аз ин шумора 22 ширкатро намояндагони кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, корхонаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, сармоягузорон, намояндагони бародаршаҳрҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доранд.
Ҳадафи асосии баргузории Намоишгоҳ муаррифӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байни субъектҳои соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сайёҳӣ мебошад.
Дар доираи Намоишгоҳ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, захираҳои таърихию фарҳангӣ, табиӣ ва рекреатсионии кишвар, маҳсулоти сайёҳӣ ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватаниву хориҷӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар доираи барномаи Намоишгоҳ баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорӣ дар шакли B2B, дарсҳои маҳорат барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дигар чорабиниҳои соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар раванди вохӯриҳо ва музокироти намояндагони ширкатҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории нав ва таҳкими робитаҳои мавҷуда имконият фароҳам оварда шуда, ба имзои як қатор санадҳои ҳамкорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 сеюмин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат ба ҳисоб меравад. Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе соли 2024 бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Солҳои 2025 ва 2026 Намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» баргузор карда шуд.
Баргузории пайвастаи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории соҳавӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд.