15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҶИЛОИ ПОЙТАХТ ДАР ОИНАИ ИСТИҚЛОЛ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ба марҳалаи рушду пешрафт ба таври бесобиқа ворид гаштааст. Дар як марҳалаи начандон тулонии таърихӣ, дар баробари бо гулу дарахтони зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт, даҳҳо боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бо шароити муосир ва тарҳи замонавӣ мавриди истифодабарии сокинони пойтахт қарор гирифтанд. Имрӯзҳо боғҳои фарҳангӣ – фароғатии “Рӯдакӣ”, майдони “Истиқлол”, “Ҷавонон”, “Кӯли ҷавонон”, “Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ”, “Куруши Кабир”, “Аҳмади Дониш”, “Садриддин Айнӣ”, “Умари Хайём” ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи “Абдулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез ва гулбадомон гардида, ба макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии ҳамарӯзаи сокинони мамлакат табдил ёфтаанд. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҳаёти давлатдорӣ ишғол менамояд, ки оинаи таърих, тамаддун ва рушди ҷомеаи муосири тоҷикон мебошад. Душанбе ҳамчун рамзи истиқлол, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар ташаккули симои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Аз маълумотҳои таърихӣ Душанбе аз як маҳалли бозории хурд ба маркази бузурги маъмурию сиёсӣ ва шаҳри ободу зебо табдил ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки чунин амал хосси миллати тамаддунофари тоҷик буда, таърихан тоҷикон шаҳрҳои зиёдеро ободу хуррам гардонидаанд. Номи шаҳр аз рӯзи ҳафта, ки дар он рӯз баргузории бозори анъанавӣ “Душанбе” ё “Душанбебозор” маншаъ гирифта, ин воқеият ба таърихи иҷтимоии минтақа пайванди амиқ дорад. Бо таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе ба ҳайси пойтахт интихоб гардида, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа табдил дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе марҳалаи нави рушдро паси сар намуда истодааст. Бо бунёди иншооти муҳташами давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳои бонуфуз, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мақоми онро ҳамчун маркази сиёсии давлат тақвият бахшид. Қасри миллат, маҷмааҳои фарҳангӣ, боғҳои фароғатӣ, хиёбонҳои зебову ороста ва биноҳои муҳташами замонавӣ ба шаҳр ҳусни тоза бахшида, симои онро ҳамчун пойтахти замонавӣ муаррифӣ менамоянд. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази асосии маориф ва илм дар кишвар ба шумор рафта, дар он даҳҳо муассисаҳои олии таълимӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва марказҳои тадқиқотӣ фаъолият доранд, ки дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва рушди тафаккури илмии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин ҷиҳат пойтахти кишвар на танҳо маркази маъмурӣ, балки маркази зеҳнӣ ва фарҳангии миллат ба ҳисоб меравад. Дар солҳои ахир шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳимми чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, нуфузи пойтахт на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар соҳаҳои варзиш, илм, иқтисод ва муносибатҳои байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар шаҳри Душанбе чандин маротиба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ доир гардида истодааст ва аз рӯйи маълумоти расмӣ мусобиқаҳои варзишии ҷудо “Judo Grand Prix” ва “Grand Slam” дар пойтахти кишвар то имрӯз чор маротиба баргузор шудаанд: соли 2023 “Grand Prix”, солҳои 2024, 2025 “Grand Slam” ва санаи 5-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе 7-умин мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҷойгоҳи маориф ва илм дар пойтахт мақоми хосса дошта, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе пайваста мизбони олимпиадаҳои байналмилалӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳои машваратии байналмилалӣ ва ҳамоишҳои академӣ мебошад. Олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯён аз кишварҳои гуногун дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, саҳми Душанбе дар рушди илми байналмилалиро тақвият мебахшанд. Инчунин, дар шаҳри Душанбе бизнес – форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ пайваста доир гардида, ҳамоишҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамчунин шаҳри Душанбе борҳо мизбони вохӯриҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, нишастҳои сатҳи олӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ шудааст, аз ҷумла ҳамоишҳои марбут ба масъалаҳои об, иқлим, амният ва рушди устувор мақоми байналмилалии шаҳрро боз ҳам боло бурдаанд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ба шарофати Истиқлол пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар боз ҳам зеботар ва ободу пешрафта гардид ва мояи ифтихори тамоми тоҷикон мебошад”. Чунин суханони пурмазмун мақоми баланди пойтахтро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯ менамоянд. Дар маҷмуъ, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти давлатдории миллӣ, сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг мавқеи калидӣ ва муайянкунанда дорад ва рушду пешрафти босуръати шаҳр дар даврони Истиқлол, бунёди инфрасохтори муосир ва густариши фаъолияти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки Душанбе ба як маркази муҳимми минтақавӣ табдил ёфтааст. Пойтахти кишвар имрӯз на танҳо маркази идоракунии давлатӣ, балки макони ташаккули тафаккури миллӣ, рушди илм ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба шумор рафта, шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва давлатдории муосири тоҷикон дорои имконҳои васеъ барои рушди минбаъда буда, дар оянда метавонад нақши муҳимро дар пешрафти кишвар ва таҳкими нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ бошад. Асомиддин БОБОЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур