Имрӯз, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Олимзода Сафар Маҳмадшо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок намуда, табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони муассисаи таълимӣ расониданд.
Дар Паёми табрикотӣ аҳли маориф ва хонандагон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик гуфта, ба аҳамияти илму дониш ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва рушди устувори давлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар давоми 35-соли соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди қобилиятҳои зеҳнии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки сиёсати созанда ва дурбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди низоми маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити муосири таълиму тарбия мусоидат намуда, барои насли наврас имкониятҳои васеи донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳиро фароҳам месозад. Дар ин замина, хонандагон ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, азхуд намудани донишҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳидоят гардиданд.
Дар фарҷом ба омӯзгорон барои меҳнати пурмасъулият ва саҳми арзандаашон дар таълиму тарбияи насли оянда изҳори сипос гардида, ба хонандагон дар соли нави таҳсил комёбиҳои тозаи таълимӣ, азму иродаи қавӣ ва дастовардҳои назаррас орзу карда шуд. Зикр гардид, ки ҷавонони соҳибмаърифат, донишманду ватандӯст неруи созандаи фардои кишвар буда, бояд бо дониш, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.