15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДАР ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ А.ФИРДАВСӢ

Имрӯз дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни миллии Меҳргон баргузор гардид. Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштироки фаъолона намуданд.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, рамзи фаровонӣ, баракат, ҳосили фаровон ва арҷгузорӣ ба заҳмати кишоварзон мебошад. Ин ҷашни бостонӣ дар замири худ суннату анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонро таҷассум менамояд.