Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи пешвози сарбозони шуҷои Ватан баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ташкил карда шуд.
Аз ҷумла, сарбозони хомии Ватан-Саидов Ҷаҳонгир Файзуллоевич аз маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Расулов Ҳамза Абдулкодирович аз маҳаллаи Бедили ноҳияи Шоҳмансур баъди 1 соли адои хизмати ҳарбӣ бо тантана ва сарбаландӣ истиқбол гирифта шуданд.
Дар маросими пешвози хомиёни Ватан намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, инчунин ҷавонону варзишгарон иштирок намуданд. Намояндагон ба волидайни сарбозон барои тарбияи фарзандони ватандӯст изҳори миннатдории роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансурро расониданд.