Истиқболи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Истиқболи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 20.11.2026
20 ноябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақша доранд, як қатор масоили ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намоянд.