Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия маросими бошукӯҳи пешвози сарбози шуҷоъ баргузор гардид.
Дар истиқболи сарбоз намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ҷавонону варзишгарон иштирок намуда, барои адои хизмати Ватан ба волидайни сарбоз изҳори миннатдории роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе- ро расониданд.