15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ИСТИҚЛОЛ - САРЧАШМАИ СОЗАНДАГИҲО ВА ПЕШРАФТ 08.09.2026

Истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳар миллат рӯйдодест, ки сарнавишти давлату ҷомеаро ба таври куллӣ тағйир медиҳад. Барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 на танҳо санаи ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихие гардид, ки дар он масъалаи ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян намудани роҳи рушди мустақили кишвар ба вазифаҳои муҳимтарин табдил ёфтанд. Имрӯз пас аз 35-соли ин роҳи пурифтихор, Истиқлолият барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳам арзиши бузурги таърихӣ ва ҳам масъулияти доимӣ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда мебошад.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлат бо вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Маҳз дар чунин шароити ҳассос ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ва барқарор намудани фазои сулҳу оромӣ ба масъалаи сарнавиштсоз табдил ёфт. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи муҳимми таърихи навини давлатро оғоз намуда, барои муттаҳид сохтани ҷомеа ва гузаштан ба марҳилаи созандагӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Дар ин раванд сиёсати давлатсозӣ ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дошта, барои таҳкими сохтори давлатӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани мақоми байналмилалии кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Агар ба роҳи тайкардаи Тоҷикистон аз нигоҳи натиҷаҳои иқтисодӣ назар андозем, тағйироти баамаломада низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисод 8,4 фоизро ташкил додааст. Дар 10 соли охир ҳаҷми иқтисоди миллӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 то 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Ин рақамҳо танҳо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нестанд, балки тағйири иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои кишварро барои идомаи рушди иҷтимоӣ инъикос менамоянд.
Дар баробари рушди иқтисод, Истиқлолият ба кишвар имконият дод, ки сиёсати мустақили иҷтимоиро пайгирӣ намуда, ба рушди маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ҳамчун заминаҳои асосии рушди ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намояд. Зеро рушди воқеии давлат танҳо бо афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ муайян намешавад. Сифати зиндагии мардум, сатҳи маърифат, саломатии ҷомеа, имкониятҳои ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ низ аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои пешрафти давлат ба шумор мераванд.
Дар ҳамин замина, нақши ҷавонон дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ниҳоят муҳим аст. Насле, ки дар даврони Истиқлол ба камол расидааст, бояд на танҳо вориси дастовардҳои имрӯза, балки бунёдгузори марҳилаи минбаъдаи рушди кишвар бошад. Донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, меҳнати созанда, эҳтиром ба қонун, ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ он арзишҳое мебошанд, ки метавонанд истиқлолияти давлатиро аз як дастоварди таърихӣ ба фарҳанги доимии зиндагии ҷомеа табдил диҳанд.
Дар ин миён Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дорад. Пойтахт дар тули солҳои истиқлол на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки ба яке аз муҳимтарин марказҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ табдил ёфт. Симои имрӯзаи Душанбе дар худ равандҳои муҳимми рушди давлатро таҷассум менамояд.
Татбиқи сиёсати созанда ва ободонии пойтахт ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ин раванд роҳбарияти шаҳри Душанбе бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои пайваста ва фарогирро ба роҳ мондааст. Дар татбиқи ин сиёсати созанда ва муайян намудани самтҳои нави рушди пойтахт саҳми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ назаррас мебошад. Бо роҳандозии ташаббусҳои созанда ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ, муҳити зист, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, нақлиёт ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ пойтахт тадриҷан ба симои нави шаҳрии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ворид мегардад.
Тибқи маълумоти расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022–2026 дар пойтахт 4337 чорабинии гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки то 1 июли соли 2026 аллакай 6559 чорабинӣ амалӣ гардидааст. Дар ин миён 57 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 27 муассисаи тандурустӣ, 98 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 65 километр роҳ, 51 бинои маъмурӣ, 356 иншооти баландошёна бо 243 маркази хизматрасонӣ ва як қатор иншооти варзишиву меҳмонхонаҳо бунёд ёфта, беш аз 11 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Иҷрои нақша ба 1,5 баробар расидааст.
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчун яке аз ноҳияҳои муҳимми пойтахт дар самти ободонӣ, рушди инфрасохтор, хизматрасонӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоии сокинон тадбирҳои пайвастаро амалӣ менамояд. Ҷойгиршавии ноҳия дар қисми муҳими шаҳр, мавҷудияти иншооти гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва хизматрасонӣ ва робитаи мустақими он бо дигар минтақаҳои пойтахт масъулияти мақомоти маҳаллиро барои нигоҳдории муҳити муносиби зиндагӣ боз ҳам бештар менамояд.
Дар солҳои охир дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба беҳтар намудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, ободонии маҳаллаҳо, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ташкили муҳити мусоиди зиндагӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидааст. Ин тадбирҳо дар маҷмуъ қисми ҷудонашавандаи ҳамон раванди бузурги навсозии пойтахт мебошанд, ки натиҷаи он имрӯз дар тамоми шаҳри Душанбе ба назар мерасад.
Таҷрибаи 35-соли Истиқлоли давлатӣ собит менамояд, ки пешрафти кишвар натиҷаи як рӯйдоди алоҳида ё фаъолияти як соҳа нест. Он маҳсули пайвастаи сулҳу субот, сиёсати дурандешона, меҳнати содиқона, ташаббуси шаҳрвандон ва талошҳои муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар як дастоварди имрӯза заминаи фардои нав буда, ҳар як марҳилаи рушд дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад.
Истиқлолият барои мо мерос, масъулият ва имконият аст. Меросест, ки аз наслҳои гузашта ба мо расидааст, масъулиятест, ки ҳифзу таҳкими он ба зиммаи ҳар шаҳрванди кишвар гузошта шудааст ва имкониятест, ки тавассути он мо метавонем Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта ва рақобатпазир созем.
Сафар ОЛИМЗОДА,
Раиси ноҳияи Шоҳмансур