Воқеан иқтибос аз суханони Пешвои муаззами миллат дар боби истиқлолу озодӣ басо муҳим шуморида мешавад. Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳанӯз ҷавон аст 35 сол дорад. Дар ин муддати кӯтоҳ ва рӯзҳои сахт Тоҷикистон тавонист худро чун нигини тобанда дар арсаи ҷаҳон шинос кунад. Ин ҳама аз дастгириву талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Пешвои миллат аст, ки ин сарзаминро аз вартаи ҷанг, аз оғӯши бегонапарастон ва аз нобудшавӣ нигоҳ дошт.
Ба ин марди Худо, эй ҳамватан шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Ба хотири дастгирӣ ва ҳавасманд сохтани насли ҷавон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Ҷавонони замони Истиқлолият, насле ҳастанд, ки орзуяшро гузаштагони мо мекарданд. Имрӯз духтари тоҷик тариқи квотаҳо ба донишгоҳҳои бонуфуз дохил гашта, таҳсили илм мекунад, модари тоҷик имрӯз роҳбар аст, созанда аст. Ин ҳама имкониятҳое ки Ҳукумати мамлакат бахусус Пешвли муаззами миллат барои мо ҷавонон фароҳам овардааст, боиси ифтихору сарбаландии мо аст. Таъсиси стипендияҳои президентӣ низ аз ҷумлаи имкониятҳои дигари моддиву маънавии хонандагону донишҷӯёни қаламрави ҷумҳурӣ мебошад.
Истиқлолият заминаи мусоид фароҳам овард барои рушду нумӯи таҳсилу малакаи ҷавонон ва наврасон. Бо шарофати Истиқлолият ҷавонони мо имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ таҳсили илм ва кору фаъолият намуда истодаанд, ки теъдодашон аз 41 ҳазор бештар аст. Наврасони боистеъдоду эҷодкор парчами давлатиро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта истодаанд, ки ин боиси ифтихор аз сарзамини нурбори миллати тоҷик аст. Варзишгарони тоҷик бо малакаи баланди варзишӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, суруди миллии моро бо ифтихор мутантан месозанд.
Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – «таъмини истиқлолияти энергетикӣ», «раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «саноатикунонии босуръати кишвар» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад.
Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат - ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад.
Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ намедоранд.